Садсолаҳо умр бинед, устод!

* Меҳрнома

     Роҳи зиндагӣ пурпечутоб аст. Мардум ба роҳи тайнамудаи одамоне, ки умри дароз дидаанд, ба кору пайкор ва обрӯю эътибори онҳо баҳо медиҳанд. Кам одамоне ёфт мешаванд, ки аз зиндагии худ розӣ бошанду бо ифтихор роҳи ҳаёти хешро пеши назар оварда, аз зиндагии бобарорашон қиссаҳо гӯянд.
Мехоҳам, аз зиндагиномаи як тан омӯзгор, ки аз мардони шарифи деҳаи Рӯмон асту мақому манзалати хеле баландро соҳиб аст, нақл намоям. Вақте саҳифаҳои рӯзгори омӯзгорро варақгардон мекунем, мебинем, ки ӯ тамоми умр некӣ кардаасту аз бадиҳо гузида, алайҳи бадиҳои ҷамъият хастанопазирона мубориза бурдааст. (далее…)

Сазовори мукофот

    Дар шаҳри Абу Дабии Аёлоти Муттаҳидаи Араб даври ниҳоии ёздаҳуми озмуни байналмилалии экологӣ ҷиҳати ноил гардидан ба мукофоти султони ин кишвари шинохта Зайд ибни Султон — ал — Наҳайян баргузор гардид.

    Дар байни 31 нафар довталабони озмуни мазкур  аз кишварҳои мухталифи олам ба ду нафар толибилми синфи 10 “б”, муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Гимназияи ба номи Ё. В. Гёте”, шаҳри Хуҷанд Таҳмина Холиқова,  Далер Дадобоев ва омӯзгори фанни экологияи дабистони мазкур Заррина Мирзошарифова имкон даст дод, ки бо эҷодҳои илмӣ — маърифатии худ ба гирифтани мақоми аввал ва мукофоти таъсиснамудаи Зайд ибни Султон — ал — Наҳайян мушарраф гарданд.

    Мукофоти баланд имкон медиҳад, ки муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Гимназияи ба номи Ё. В. Гёте” бо батареяҳои офтобӣ таҷҳизонида шавад.

.

                                                                                           Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,

                                                                                 хабарнигори “Дурахшандагон”

Масъулияти бештар мебояд

*Ҷаласа

    DSCF7201Дар маҷлисгоҳи гимназияи рақами 1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар он инчунин кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, мудирони кабинетҳои методӣ, сармутахассисони бахшҳои Хадамоти назорат дар соҳаи маориф, директорони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, техникаи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо, масъулини марбут ба масъалаҳои баррасишаванда ҳузур доштанд. (далее…)

Ҳанифа Валиева- «Мураббии соли Тоҷикистон» шуд

2Санахои 10-12 январи соли 2019 дар муассисаи таълимии томактабии № 18-и ш.Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он 5-нафар ғолибон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шахри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар чамбаст мураббии муасисаи таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд, ВАЛИЕВА ХАНИФА сазовори ҷои якум гардид. viber image
Ҷамъбаст бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Голиби озмун Валиева Ханифа бо Ҷом, дипломи дарачаи як ва мукофотпулии яквакта сарфароз гардонида шуд. Хамчунин аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотпулӣ кадрдонӣ карда шуд.
Бояд кайд намуд, ки таи 5-соли охир мураббиёни вилояти Суғд дар озмуни “Мураббии солит Тоҷикистон” ҷои аввалро ишғол менамоянд.

ФАЪОЛИЯТ МАСЪУЛИЯТРО ТАҚОЗО ДОРАД

DSCF7153Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар кори Шӯро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А., мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, литсейи №1-и шаҳри Конибодом, литсейи №2-и шаҳри Исфара, кӯдакистони №1-и шаҳри Бӯстон, литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, гимназияҳои №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва №5-и ноҳияи Ашт, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд. (далее…)

ҶАҲДУ ТАЛОШИ ФУЗУН БОЯД

каримзода

Осим Каримзода, сардор Раёсати маорифи вилояти Суғд

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дастовардҳои аҳли мамлакат дар соли 2018 зикр ва вазифаҳои минбаъдаи мардуми кишвар муфассал баён гардиданд.
Шоистаи қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша зимни ироаи Паём рушду нумӯи соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат баробари таҳлили ғамхоронаи бурду бохти соҳа барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи маориф дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки миллати босавод муҷиби пешравии ҳар давлату кишвар аст. Равона намудани таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорат барои баланд бардоштани дараҷаи дониши касбии омӯзгорон, пешгирии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии мутахассисони ҷавон аз зумраи ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки дар Паём ифода ёфтанд. (далее…)

ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

   Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, инчунин ҳавасмандкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба иыдоми шоиста рӯ овард. Аз 25 ноябр то 15 декабри соли 2018 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарин дар мавзӯи “Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2018” баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз вилояти Суғд зиёда аз 60 расмҳои беҳтарини хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуданд.
Аз байни 600 адад расмҳои ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардида расмҳои пешниҳоднамудаи 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд беҳтарин дониста шуданд.
Аз ҷумла расмҳои пениҳоднамудаи О. Исмоилов — хонандаи синфи 8, гимназияи №1, Р.Фаррухзода – хонандаи синфи 5, муассисаи ғайридавлатии “Паймони азизон”, Р.Шарифбоева – хонандаи синфи 5, муассисаи таълимии №26, шаҳри Хуҷанд, О. Қӯшматов хонандаи синфи 3, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шаҳристон, У.Носиров – хонандаи синфи 6, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Деваштич ба баҳои баланди ҳайати доварон сазовор гардиданд. Дастаи вилояти Суғд бо 5 ҷойи ифтихорӣ соҳиби ҷойи якум гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

БАХТИЁР САРҲАДОВ,
Сармутахассиси шуъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят