ДУ ДАСТАИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ РОБОТОТЕХНИКӢ (WRO) СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИДАНД.

      142341002_252845423117210_25610649342776456_nСанаи 24.01.2021 дар Литсей №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO(World Robot Olimpiad) баргузор гардид. Дар қатори беш аз 10 даста аз шаҳри Душанбе ба даври ҷумҳуриявии озмун 2 даста аз вилояти Суғд: дастаи маҳфили «Робототехникӣ» — и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва Лигаи Роботи шаҳри Хуҷанд ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта, иштирок намуданд.
       Дар натиҷа дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар номинатсияи «Муҳандиси беҳтарини робототехникӣ» ғолибиятро ба даст оварда, сохиби «Шоҳҷоиза» гардид. Ҳамчунин дастаи Лигаи Роботи шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи «Амали беҳтарини дастаҷамъона» маҳорати баланд нишон дода, соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.142448723_252845339783885_2119639654126863785_n
Лозим ба таъкид аст, ки дар дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Суғд Раҳимов Абдураҳмон — хонандаи синфи 7, Гимназияи Сафинаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб ҳунарнамоӣ намуд ва аз дастаи Лига Роботи шаҳри Хуҷанд Набиева Саиднисо — хонандаи синфи 7, МТМУ №28,
Ҳакимов Сайфиддин — хонандаи синфи 8, МТМУ #20, Пӯлотов Улуғбек — хонандаи синфи 9, МТМУ# 22 ҳамагӣ аз шаҳри Хуҷанд барандаи озмун гардиданд.
        Ба ғолибон Диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сертификати иштирокчии даври ҷумҳуриявии озмун тақдим карда шуд.
Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон таи 2 сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи Роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи ташкили озмун рушди малакаҳои техникии насли наврас, дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба ихтироъкориву навоварӣ мебошад. Дар ҳаракати олимпии Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ 70 кишвари олам шомил буда, ҳамасола озмуни мазкур дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор мегардад.
Соли 2020 бо иқдоми роҳбарияти Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд намояндагии ин ташкилоти бонуфуз дар вилояти Суғд созмон дода шуда, дастаҳои вилояти Суғд низ имкони иштирокро дар чунин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намуданд.142924322_252845369783882_5317297986652482875_n
        Лозим ба таъкид аст, ки дастаи маҳфили «Робототехникӣ» — и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд таҷрибаи кофии иштирокро дар чунин озмунҳои сатҳи чаҳонӣ дорад ва соли 2019 аъзоёни маҳфил дар озмунҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Бишкеки Кирғизистон иштирок намуда, кишвари Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ намуда буданд.
Бо бадастовардани Шоҳҷоиза дастаҳои вилояти Суғд ҳуқуқи иштирокро дар даври байналмиллалии озмун пайдо намуданд.
       Шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Суғд

ФАЪОЛИЯТ ҶАМЪБАСТ ВА ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД

    IMG_9782Дар  маҷлисгоҳи  Гимназияи №1  ба номи  Раҳим  Ҷалили маркази вилоят   бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои маориф, директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таҳсилоти иловагӣ, кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ намуда, бардоштҳои хешро аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи вилоят  оид ба натиҷаҳои  соли сипаригардида баён дошта, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно кард. Сипас ҳисоботи Раёсати маорифи вилоят дар соли 2020 шунида шуда,  вазифаҳо барои соли равон муқаррар гардиданд.
Зимни музокира сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии Истаравшан Диловар Азимов, Исфара Бобохон Саидов, Панҷакент Алишер Мутрибов,   Гулистон  Нурмуҳаммад  Мирзоев, Деваштич Ботур Расулов оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаришуда андешаҳо баён доштанд.  Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати ислоҳи камбудӣ ва боз ҳам пешрав гардидани фаъолияти маорифчиёни шаҳру ноҳияҳои зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.143267581_3643471599076865_2322742707917606660_o
Корманди масъули Прокуратураи вилоят Донохон Ҷӯраева аз натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар мавриди дафтардорӣ, таъмини иҷроиши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба танзим даровардани маблағгузории сарикасӣ, роҳ надодан ба таъиноти шахсони масъули молиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби хешовандони наздик ва ғайра гузориши муфассал ироа дошт.
Сипас, нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2021 аз ҷониби ҳозирин тасдиқ гардида, оид ба натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2017, №544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»  дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷ.Расулов, рафти баргузории аттестатсияи кормандони соҳаи маорифи ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Сафия Каримова ибрози андеша намуд.
IMG_9795 Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов оид ба натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»  дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, дар мавриди баррасии маълумоти Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва  илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд “Оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии вилояти Суғд зимни аттестатсияи таълимгоҳҳо” суханронӣ намуд.
Оид ба натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, № 443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич бошад, мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Шӯҳрат Сатторов гузориш дод.
Аз рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, № 443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориши директори Марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят Шаҳбоз Бобоназаров шунида шуд.
Инчунин дар назди ҳозирин директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Фирдавс Ашӯрматов оид ба натиҷаҳои иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд аз 12.01.2021, № 8/4-21 оид ба бартараф намудани  қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои  ба онҳо мусоидаткунанда вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 15.01.2021, №11/4П-21 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда”, пешниҳодҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 23 декабри соли 2020, №16/1-3676, аз 25 январи соли 2021, №16/1-314, №16/1-315, №16/1-316 “Дар бораи андешидани тадбирҳои ҳатмии бартарафсозии сабаб ва шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон мусоидат мекунад”, баррасии мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 25.12.2020 сармутахассис ва мутахассисони пешбари Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов,  Мирҷумъа Бобозода, Алиҷон Собиров суханронӣ намуданд.143119896_3643472069076818_8331695358271145695_o
Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова оид ба рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 353 “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ба ҳозирин маълумот дод.
Оид ба  масъалаҳои баррасишуда ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии падидаи номатлуби ҷалби наврасон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои ироагардида ва таъмини ҷамъбасти  муташаккилонаи маъракаи обуна ба матбуоти даврии соли 2021 ва дигар вазифаҳои мубрами соҳа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Дар идомаи кори ҷаласа ба ҳозирин филмҳои мустанади “Бешарафӣ” ва “Хиёнат”, барномаи “Маърифати ҳуқуқӣ”-и телевизиони вилояти Суғд манзур карда шуд.
Дар хотимаи ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор муҳокима ва қабул гардиданд.
Ғафурҷон Ҷӯраев, Абдусабур Абдуваҳҳобов, “Маорифи Суғд”