Ғолибон муайян шуданд

     IMG_20211117_100958Дар Плнетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба муносибати эълон гардидани солҳои 2020 — 2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни вилоятии “Мошинаҳои ояндаи коинот”  баргузор гардид.
Ҷонишини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов дар маросими оғози чорабинӣ қайд намуд, ки озмуни вилоятии  “Мошинаҳои ояндаи коинот” дар давраи басо муҳим гузашта истодааст. Зеро бе аз худ намудани техника ва технологияҳои пешқадам тараққиёти ҷомеаи ҷаҳониро тасаввур кардан душвор аст. Ташкилу баргузории озмуни имрӯза ба сайқали донишу малакаи насли наврас вобаста ба аз худ намудани техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва дар оянда фахри халқу миллати сарбаланди мо мегарданд, мусоидат хоҳад кард. (далее…)

Бори аввал – минбаъд анъанавӣ

       878787878Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-44 дар бораи  ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” таи чор рӯз  дар  шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмун баргузор гардид.
Дар давраи ниҳоии ин озмуни бонуфуз вилояти Суғдро 74 нафар, аз ҷумла 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 37 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун намояндагӣ намуданд.
Намояндагони вилоят дар аксар бахшҳо ҳунару маҳорат, истеъдоди воло намоиш дода, ба дарёфтҳои ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.676788787
Аз ҷумла, дар бахшҳои биология, география, химия, физика, ихтироъкорӣ ва навоварӣ хонандаи синфи даҳуми Литсейи № 1-и шаҳри Исфара М. Ҷӯраев, хонандаи синфи даҳуми мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О. Рӯзиев, хонандаи синфи ёздаҳуми мактаби Президентии шаҳри Бӯстон С. Машарифов, хонандаи синфи даҳуми Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ А. Бойматов хонандаи синфи даҳуми мактаби хусусии “Гулчини маърифат”-и шаҳри Хуҷанд И. Темирхоҷаев туфайли донишу маҳорати баланд  ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамчунин, дар озмун донишҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят, намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи бахшҳо ғолибият ба даст оварданд.
сатторова 5  Соҳибони се ҷои аввали озмун бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷом ва мутаносибан бо маблағи 35, 25, 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ  сарфароз гардонида шуданд.
Шоистаи қайд аст, ки иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 8 нафар  ҳар кадом ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол бори аввал роҳандозӣ гардида, баргузории он солҳои минбаъд анъанавӣ хоҳад гардид.сатторова 2сатторова 4

Д. САТТОРОВА,

сармутахассиси Раёсати
маорифи вилояти Суғд

Арҷгузорӣ ба Парчам ифтихор аз давлат аст.

          640px-Flag_of_Tajikistan.svgТоҷикистони азизи мо ҳамчун  давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои давлатии худ аст, ки парчам яке аз онҳо  мебошад. Халқи тоҷик  аз он халқҳои куҳантаърихи ҷаҳонаст,   ки дар тўли таърих соҳиби давлату  парчами хеш буданд.Таърихи  парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. “Дирафши ковиёнӣ” ва ё “ Ахтари ковиёнӣ” давоми ҳазорсолаҳо чун рамзу асолати  миллию давлатдорӣ,  муттаҳидӣ ва мубориза  шинохта шудааст.
Санаи 24 –уми ноябри соли 1992  Иҷлосияи 16 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи  Низомномаи  Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро  қабул кард. Дар натиҷа  Тоҷикистони соҳибистиқлолу шарафманд соҳиби  парчами миллии худ гардид.
                                                                 Парчами Тоҷикистони ман,
                                                                 Партави шаъни ман, шони ман.
                                                                 Ҳар нахи тору пуди ту шуд
                                                                 Ришта аз риштаи  ҷони ман.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандўстию худогоҳию худшиносӣ, пирўзиву  сарфарозӣ ва ҳувияти  милли мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад.   Мардуми шарафманди  Ватани мо – Тоҷикистони азиз таҳтиПарчами миллӣ обрўю эътибори  мамлакатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Мо — омўзгорон вазифарем, ки оид ба   дар бораи фидокориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва рамзҳои давлатӣ дар дарсҳо пайваста ба хонандагон маълумот диҳем. Шогирдонро онҳоро тавре тарбия намоем, ки ба қадри ин Ватану миллат ва муқаддасоти он, аз ҷумла Парчами  давлатӣ расанд. Зеро қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ  ва дигар рамзҳои давлатӣ арҷгузорӣ ва ифтихор аз давлат, аз гузаштаю имрўзи халқу миллат аст..
                                                                                                                                                                  Гулрў ФАЁЗОВА,
                                                                                                                                                                  омўзгори  гимназияи  №2,
                                                                      640px-Flag_of_Tajikistan.svg              шаҳри Бўстон