Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст.
Санаи 15.05.2022 бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболи вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои вилоят фестивали футбол ташкилу баргузор гардид. Ҳамзамон байни тарбиятгирандагони «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстон, мактаб-интернатҳои шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамен, Б.Ғафуров мусобиқа гузаронида шуд. Дар натиҷа тарбиятгирандагони «Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ғолибиятро ба даст оварданд. (далее…)
Кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят ва зерсохторҳои он бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилоят дар чорабинии варзишӣ – Рӯзи дави миллӣ, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегардад, санаи 15 майи соли равон фаъолона ширкат варзиданд.
Дар гуруҳи омодагӣ ба мактаби ширхоргоҳ-кӯдакистони #9 машғулияти кушод аз ҷониби мураббӣ Ӯғулой Ёқубова дар мавзӯъи «Шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ» баргузор шуд. (далее…)
Cанаи 14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.