Ифтитоҳи бинои нави Кӯдакистони “Зангӯла” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом 11.08.2022

      298764996_434338355406553_7769212122618861897_n авав11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.

(далее…)

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15 дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом 11.08.2022

      298986459_434337378739984_796344830729863711_n 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

(далее…)

БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ НАМОЕМ

     Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд. Дар ҳамин радиф бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо пайдо намудааст, туфайли талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пас вазифаи имрӯзаи мо — шаҳрвандони ватандӯсту ватанпарвар дар он аст, ки ба хотири пойдории ин арзишҳо фаъолият намоем, аз озодиву ободии Ватани азиз шукр гӯем.
    Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯз бояд ҳар кадом аз шаҳрвандони баору номуси кишвар ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрaфтор ва кӯрнамакро маҳкум намоем. Нагузорем, ки ин нохалафон, ҳадафҳои нопоки хешро бо воситаи гумроҳ сохтани мардум амалӣ созанд ва аз номи шаҳрвандони бегуноҳи кишвар дар ҷомеа доғ гузоранд.
     Хизмат ба Ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони кишвар шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар нафари баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳар кадоме аз мардуми шарифи миллати тоҷик, бахусус аз ҷавонони оқилу доно даъват ба амал меоварам, ки хоҳ дар дохили кишвар ва ё хоҳ дар хориҷ иқомат дошта бошанд, ба фитнаву дурӯғи нохалафон бовар накунанд. Баръакси ҳолат бар қасди он душманоне, ки миллати моро, Истиқлолияту ваҳдати милии моро барҳам додан меҳоҳанд, илму дониш омӯхта, бо маърифти волову маданияти миллати тоҷик обрӯю мақоми халқамонро баланд бардоранд.
     Мутмаинам, ки тамоми ҷавонони кишвар, ки ояндаи миллати тоҷикро бино месозанд, бо ҳисси баланди масъулият дар рушду нумӯи ҳама соҳаҳо саҳми босазо хоҳанд гирифт.
Ҷавонони азиз, ҳама вақт кӯшиш намоед то ба боварии давлату Ҳукумати кишвар, хосатан, мардуми миллати тоҷик сазовор бошед.

Дар мавзуъи муҳим

      298025636_434297722077283_5628739158951143175_n Тибқи нақша дар ФМДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд бо иштироки 24 нафар шунавандагон курси такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзуъи “Баланд бардоштани савияи дониши касбии мураббиёни томактабӣ” оғоз гардид.

(далее…)