Иншоот дар партави сиëсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд шуда, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи маориф анҷом ëфтааст.
Бинои нав барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат бо таҷҳизоту аёниятҳои замонавӣ таъмин буда, барои хонандагон шароити мусоиди аз худ кардани дониш мавҷуд мебошад. Муассисаи таълимие, ки то ин вақт дар он хонандагони деҳаи Маданият ба таълим фаро гирифта мешуданд, солҳои зиëд истифода гардида, ба талабот номувофиқ аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боргоҳи муҳташами таълимӣ барои хонандагон шароити замонавии аз бар намудани дониш таъмин гардид.
Барои машғул шудани хонандагон ба варзиш ва обу тоби бадан дар ҳудуди муассиса толори замонавии варзиш ва майдончаи кушоди варзиш бунëд карда шудааст. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зеб дода шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш мебошад. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои ягонаи мактабӣ ва варзишии дар коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Конибодом истеҳсолшуда муаррифӣ карда шуд.