Фестивали байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон — 2024

26 апрели соли 2024 дар Кохи «Суғдиён» — и шаҳри Хуҷанд якумин фестивали намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон — 2024 баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва намояндагони макотиби олии хориҷи кишвар ширкат доштанд.

Намояндагони 14 давлати дунё ва 40 макотиби олии хориҷи кишвар бо ба ҷо овардани анъана ва урфу одати тоҷикона гарму самимӣ бо нону намак ва суруду мусиқӣ истиқбол гирифта шуданд.

Раёсати маорифи вилоят барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят, 1 ҷой маоши мансабӣ- 1170 сомонӣ;

2. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят, маоши мансабӣ- 963 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсати маорифи вилоят, 1 ҷой маоши мансабӣ- 1170 сомонӣ;

Довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба озмун пешниҳод намояд:

 — аризаи шахсӣ ба унвони сардори раёсат;

 — вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

 — тарљумаи ҳол;

 — нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;

 — нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

 — маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

 — нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

 — маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

 — нусхаи шиноснома;

 — нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

  — маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ-

     — маълумотнома аз ҷойи истиқомат

Талаботи тахассусӣ ба довталаб:

  — мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус — таҳсилоти олии омӯзгорӣ ё ҳуқуқшиносӣ

 — мансаби мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус: — таҳсилоти  олии омӯзгорӣ, махсуси омӯзгорӣ, ё ҳуқуқшинос

-мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор -таҳсилоти олии омӯзгорӣ.

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ;

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Хучанд, кӯчаи Шарқ, №29.

Телефонҳо барои маълумот: 6-68-92, 4-34-62

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: давоми 21 рӯз баъди нашри эълон аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.

Раёсати маорифи вилоят барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят, 1 ҷой маоши мансабӣ- 1170 сомонӣ;
2. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят, маоши мансабӣ- 963 сомонӣ;
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсати маорифи вилоят, 1 ҷой маоши мансабӣ- 1170 сомонӣ;

Довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба озмун пешниҳод намояд:
— аризаи шахсӣ ба унвони сардори раёсат;
— вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарљумаи ҳол;
— нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
— нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;
— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд)
— маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат
Талаботи тахассусӣ ба довталаб:
— мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус-
таьсилоти олии омӯзгорӣ ё ҳуқуқшиносӣ
— мансаби мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус: — таҳсилоти
олии омӯзгорӣ, махсуси омӯзгорӣ, ё ҳуқуқшинос
-мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор -таҳсилоти олии омӯзгорӣ.
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ;
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Хучанд, кӯчаи Шарқ, №29.
Телефонҳо барои маълумот: 6-68-92, 4-34-62
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: давоми 21 рӯз баъди нашри эълон аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.

Раёсати маорифи вилоят барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: 1. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят, 1 ҷой маоши мансабӣ- 1170 сомонӣ; 2. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят, маоши мансабӣ- 963 сомонӣ; 3. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсати маорифи вилоят, 1 ҷой маоши мансабӣ- 1170 сомонӣ; Довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба озмун пешниҳод намояд: — аризаи шахсӣ ба унвони сардори раёсат; — вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6); — тарљумаи ҳол; — нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот; — нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; — маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ; — нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда; — маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; — нусхаи шиноснома; — нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд) — маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ -маълумотнома аз ҷойи истиқомат Талаботи тахассусӣ ба довталаб: — мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус- таьсилоти олии омӯзгорӣ ё ҳуқуқшиносӣ — мансаби мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус: — таҳсилоти олии омӯзгорӣ, махсуси омӯзгорӣ, ё ҳуқуқшинос -мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор -таҳсилоти олии омӯзгорӣ. — малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; — донистани забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии соҳаи маориф ва хизмати давлатӣ; Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Хучанд, кӯчаи Шарқ, №29. Телефонҳо барои маълумот: 6-68-92, 4-34-62 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: давоми 21 рӯз баъди нашри эълон аз соати 8:00 то 17:00 (ба ғайр аз рӯзҳои шанбе ва якшанбе) амалӣ мегардад.

ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!!! озмуни вилоятии «КАЙҲОН АЗ НИГОҲИ МАН» баргузор мегардад.

МДТ «Планетерий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ»-и назди Раёсати маорифи вилоят дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилоят аз 29.03.2024, #329 бахшида ба «Рӯзи кайҳоннавардон», 90-солагии нахустин кайҳоннаварди олам Юрий Гагарин ва «100-солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам» баҳри амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тасмим гирифтааст озмуни вилоятии «Кайҳон аз нигоҳи ман»-ро ташкил ва баргузор намояд.

Озмуни мазкур аз 3 давр:мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ иборат буда, баргузории даври вилоятии озмун санаи 12 апрели соли ҷорӣ соати 10:00 дар МД » Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Дар даври вилоятии озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ва хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Озмуни мазкур аз рӯи 5 шарт:

-тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзуъи «Кайҳон аз нигоҳи ман» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои мактабҳои рассомӣ;

-расмкашӣ дар рӯи мумфарш(асфалт) байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ(боғчаҳо);

— газетаи деворӣ дар мавзуи «Кайҳон аз нигоҳи ман», «Илми афлок», «Юрий Гагарин»

-моделсозӣ(моделҳои ҳаракаткунанда аз ҷумла: ракетаҳо, самолёт, морсоход, лунаход, тайëра ва ғайраҳо) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳо;

— ихтироъкорӣ(роботтехникӣ, авиомоделӣ, радиотехникӣ, моликияти зеҳнӣ ва тамоми намуди ихтироъкориву навоварӣ) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ.

Ҳамчунин намоиши корҳои эъҷодиву дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нақшофарӣ дар мавзуъи «Кайҳон аз нигоҳи ман» аз намуди ҳунарҳои сӯзанидузӣ, қуроқдӯзи, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, тарроҳии либосҳои афсонавӣ алоҳидагӣ қадршиносӣ карда мешавад.

Хоҳишмандон аз манотиқи гуногуни кишвар низ метавонанд тариқи фосилавӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, офаридаҳои худро тариқи почтаи электронии planetariy-khujand@mail.ru то рӯзи баргузории озмун(11.04.2023 то соати 16:00) пешниҳод намояд.

Ғолибони озмун дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз тарафи ҳайяти доварон муайян гардида, бо тӯҳфаҳои арзишманд ва Диплому Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва МДТ «Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» қадршиносӣ карда мешавад.

Ғолиби асосиро(дар бахши ихтироъкорӣ) тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ интизор аст.

Барои маълумоти бештар ба шумораи 8342252193, 926701112, 927669966 тамос гиред

ШУЪБАИ ИЛМИ МДТ «ПЛАНЕТАРИЙ БА НОМИ АБӮМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ»