ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!!! озмуни вилоятии «КАЙҲОН АЗ НИГОҲИ МАН» баргузор мегардад.

МДТ «Планетерий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ»-и назди Раёсати маорифи вилоят дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилоят аз 29.03.2024, #329 бахшида ба «Рӯзи кайҳоннавардон», 90-солагии нахустин кайҳоннаварди олам Юрий Гагарин ва «100-солагии таъсисёбии нахустин Планетарий дар олам» баҳри амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тасмим гирифтааст озмуни вилоятии «Кайҳон аз нигоҳи ман»-ро ташкил ва баргузор намояд.

Озмуни мазкур аз 3 давр:мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ иборат буда, баргузории даври вилоятии озмун санаи 12 апрели соли ҷорӣ соати 10:00 дар МД » Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Дар даври вилоятии озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ва хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Озмуни мазкур аз рӯи 5 шарт:

-тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзуъи «Кайҳон аз нигоҳи ман» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни маҳфилҳои мактабҳои рассомӣ;

-расмкашӣ дар рӯи мумфарш(асфалт) байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ(боғчаҳо);

— газетаи деворӣ дар мавзуи «Кайҳон аз нигоҳи ман», «Илми афлок», «Юрий Гагарин»

-моделсозӣ(моделҳои ҳаракаткунанда аз ҷумла: ракетаҳо, самолёт, морсоход, лунаход, тайëра ва ғайраҳо) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳо;

— ихтироъкорӣ(роботтехникӣ, авиомоделӣ, радиотехникӣ, моликияти зеҳнӣ ва тамоми намуди ихтироъкориву навоварӣ) байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ.

Ҳамчунин намоиши корҳои эъҷодиву дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нақшофарӣ дар мавзуъи «Кайҳон аз нигоҳи ман» аз намуди ҳунарҳои сӯзанидузӣ, қуроқдӯзи, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, тарроҳии либосҳои афсонавӣ алоҳидагӣ қадршиносӣ карда мешавад.

Хоҳишмандон аз манотиқи гуногуни кишвар низ метавонанд тариқи фосилавӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, офаридаҳои худро тариқи почтаи электронии planetariy-khujand@mail.ru то рӯзи баргузории озмун(11.04.2023 то соати 16:00) пешниҳод намояд.

Ғолибони озмун дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз тарафи ҳайяти доварон муайян гардида, бо тӯҳфаҳои арзишманд ва Диплому Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва МДТ «Планетарий ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ» қадршиносӣ карда мешавад.

Ғолиби асосиро(дар бахши ихтироъкорӣ) тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ интизор аст.

Барои маълумоти бештар ба шумораи 8342252193, 926701112, 927669966 тамос гиред

ШУЪБАИ ИЛМИ МДТ «ПЛАНЕТАРИЙ БА НОМИ АБӮМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ»