Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар кори Шӯро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А., мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, литсейи №1-и шаҳри Конибодом, литсейи №2-и шаҳри Исфара, кӯдакистони №1-и шаҳри Бӯстон, литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, гимназияҳои №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва №5-и ноҳияи Ашт, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯро 10 масъалаҳо, аз ҷумла, рафти иҷрои замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар литсейи №1-и шаҳри Конибодом, литсейи №2-и шаҳри Исфара, литсейи №1-и шаҳри Панҷакент, кӯдакистони №1-и шаҳри Бӯстон, литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ ва гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, натиҷаи фаъолияти муассисаҳои хусусии томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров тибқи талаботи Оинномавӣ, натиҷаи аккредитатсияи гимназияи №5-и ноҳияи Ашт, натиҷаи аттестатсияи гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, натиҷаи аттестатсияи мактаб – интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, вазъи иҷрои талаботҳои банди 96 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷ. Расулов, натиҷаи мониторинги сатҳи донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таълимии вилоят, вазъи баргузории рейтинги сатҳи дониши хонандагон ва натиҷаҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои қарорҳои шӯрои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масъалаҳои мазкур аз қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар ҷамъбасти кори Шӯро ҳисоботи мудири шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. оид ба ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 шунида шуда, нақшаи кори шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд барои нимсолаи аввали соли 2019 тасдиқ карда шуд.
Қайд гардид, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26.12.2018 вобаста ба пурзӯр намудани назорат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз кормандони сохторҳои марбута масъулияти бештарро тақозо дорад.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А. оид ба иҷрои вазифаҳо пурсишҳо ба амал омада, барои иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.