Санаи 15.03.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар кори Шӯро мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят, гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, литсейи №5, 6-и шаҳри Исфара, муовини директори литсейи №1-и шаҳри Бӯстон, сармураббияи Кӯдакистони Президентӣ ва роҳбари идоракунии сифати таҳсилоти Мактаби Президентӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯро 9 масъалаҳо, аз ҷумла, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон ва Ашт, рафти иҷрои замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар литсейи №5, 6-и шаҳри Исфара ва Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят, натиҷаи санҷиши фаъолияти бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳрҳои Исфара ва Хуҷанд, натиҷаи аттестатсияи Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд, ҷамъбасти натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), натиҷаи баргузории мониторинги сатҳи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, натиҷаи аккредитатсияи гимназияи №2, литсейи №1-и шаҳри Бӯстон, натиҷаи ташхиси аз нав ба расмиятдарории замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар литсейи №1-и шаҳри Конибодом мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар ҷамъбасти кори Шӯро аз ҷониби мудири шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. масъулини бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷиҳати саривақт ва босифат иҷро намудани нақшаи кории тасдиқгардида вазифагузорӣ карда шуданд.
Баҳоваддин Хоҷаев,
сармутахассиси шуъбаи
Хадамоти давлатии назорат
дар соҳаи маорифи вилояти Суғд