ҶАЛАСА

 
20190619_090914Санаи 19. 06.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯро 6 масъала, аз ҷумла, натиҷаҳои аттестатсияи литсейи №1-и ноҳияи Спитамен, аккредитатсияи гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, санҷишҳои сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Зафаробод ва Шаҳристон, фаъолияти Марказҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 20190619_093605 (1)рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2017, №411 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров, рафти иҷрои замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар гимназияҳои №4-и шаҳри Хуҷанд, №2-и шаҳри Бӯстон ва №5-и ноҳияи Ашт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта шуд. Баъди муҳокимаи ҳамаҷониб доир  ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар ҷамъбасти кори Шӯро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов масъулини бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва иштирокчиёни ҷамъомадро ҷиҳати саривақт ва босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои додашуда, вазифагузорӣ кард.

Баҳоваддин Хоҷаев,
сармутахассиси шуъбаи
Хадамоти давлатии назорат
дар соҳаи маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>