Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки аъзоёни Шӯро ва сардорони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Хадамот Абураҳим Қурбонов оғоз ёфт.
Сармутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова, Баҳоваддин Хоҷаев ва Акрамҷон Аслонов аз натиҷаи аттестатсияи гимназияи №6, МТМУ№68 -и ноҳияи Ашт, МТМУ №17-и шаҳри Панҷакент, натиҷаи аккредитатсияи Гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич, натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Панҷакент, натиҷаи ҷамъбасти рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси нишондиҳандаҳо гузориш доданд.
Зимни баромадҳо зикр шуд, ки санҷиши аттестатсияҳо нишон дод, ки ҳанӯз дар самти татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда фаъолият ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуда, ҳамзамон пояи моддиву техникии муассисаҳо заиф аст. Таъминоти кадрӣ низ беҳбудӣ мехоҳад.
Дар суханронии муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов оид ба омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба низоми нави қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, ҳолати китобхонаҳо ва натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, вазъи зимистонгузаронӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба маъракаи сиёсии интихобот андешаҳо баён шуданд.
Бо тасдиқи нақшаи кории барои нимсолаи аввали соли 2020 ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.
Абдусабури Абдуваҳҳоб