андоз1Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” баргузор шуд. Озмун бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҳавасманд намудан, баланд бардоштани фарҳанги насли наврас, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон дар ин масир доир гардид. Озмун аз рўи 2 номинатсия: расми беҳтарин – таҳти унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» – барои донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон баргузор шуд.
Озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорат, кумитаву идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Тибқи Низомнома, озмун дар се давр гузаронида шуд. Даври якум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то 15 июни соли 2021 доир шуд. Дар он хонандагоне иштирок карданд, ки дар мавзўъҳои моҳияти андоз ва андозсупорӣ, зарурати пардохти андозҳо ба буҷет, аҳамияти он дар ҳаёт ва рушди ҷомеа, иқтисодиёти мамлакат тасвирҳо ва ангораҳо (макетҳо) пешниҳод намуданд.
Даври дуюми озмун санаи 10 августи соли 2021 дар бинои Раёсати андоз дар вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва намояндагони мақомоти дахлдор ва санаҳои 18 — 19 октябри соли 2021 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюм (ҷамъбастӣ)  баргузор гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи «Андоз аз нигоҳи наврасон» Азиза Эргашева — хонандаи синфи 10-и Гимназияи №1, шаҳри Бӯстон ҷойи якум, Парвина Толибова — хонандаи синфи 7-и Гимназияи №4, шаҳри Истаравшан ҷойи дуюм, Мижгона Муханова — хонандаи синфи 10-и Гимназияи №1, шаҳри Бустон сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин Матин Қаҳҳоров – хонандаи синфи 6-и Гимназияи “Гёте”, шаҳри Хуҷанд, Адҳам Абдунабиев – хонандаи синфи 11, МТМУ №28-и ноҳияи Спитамен, Абӯбакр Қӯзиев – хонандаи синфи 9, МТМУ №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирокчиёни фаъол дониста шуданд.
Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фарҳодҷон Ҷумъаев — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум, Дилноза Қосимзода — донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Назир Зокиров — соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, Комрон Ҷабборов – донишҷӯи Донишгоҳи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд иштирокчии фаъол дониста шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” барои амиқтар ва фарохтар гардидани сатҳи дониши хонандагон, донишҷўён, шаҳрвандон ва соҳибкорон ҳамаҷиҳата мусоидат намуд. Иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни коллеҷҳо ва муассисаҳои олии касбӣ, шаҳрвандон, соҳибкорон дар рафти озмун аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дониши ҳамаи табақаҳои аҳолӣ оид ба қонунгузории андоз давра ба давра васеътар гардида, сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо баланд мешавад.андоз 123321
Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” ҷузъи таркибии корҳои тарғиботиву ташвиқотии фарҳанги андозсупорӣ барои насли наврас ва дигар шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар маросим аз ҷониби роҳбарияти мақомоти андоз ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” бо Диплому Сипоснома, маблағҳои пулии дар Низомнома нишондодашуда ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими тақдими мукофотҳо волидайни ғолибон Дилшод Эргашев, Аслон Толибов, Дилором Анорова аз рафти шаффофият ва ташкилу баргузории озмун ба роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карданд.

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>