Дар шаҳри Истиқлол бунёду муҷаҳҳазсозии кўдакистони «Дўстӣ» ҷараён дорад, ки бо мавриди истифтиода қарор гирифтани он 240 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Бинобар иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд кўдакистони мазкур бо саҳмгузории «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой» сохта шуда, он дорои шароити муосир хоҳад гашт. Ширкати мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои муштараки кишвар буда, саҳми он дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти саноатӣ назаррас аст. Дар доираи созишномаҳои дуҷониба ширкат уҳдадор гардидааст, ки дар корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал саҳм гузошта, иншооти иҷтимоӣ бунёд созад. Бо дастгирии ширкат айни замон бунёди кўдакистони «Дўстӣ» ҷараён дошта, интизор меравад, ки он ояндаи наздик ба истифода дода шавад.
Зимни боздид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони кўдакистон барои ташкили системаи ягонаи гармидиҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба масъулин супоришҳо дод.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳудуди шаҳр 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 литсейи касбии техникӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2558 нафар хонандагон таълим мегиранд.