Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои давлатии худ аст, ки парчам яке аз онҳо мебошад. Халқи тоҷик аз он халқҳои куҳантаърихи ҷаҳонаст, ки дар тўли таърих соҳиби давлату парчами хеш буданд.Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. “Дирафши ковиёнӣ” ва ё “ Ахтари ковиёнӣ” давоми ҳазорсолаҳо чун рамзу асолати миллию давлатдорӣ, муттаҳидӣ ва мубориза шинохта шудааст.
Санаи 24 –уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул кард. Дар натиҷа Тоҷикистони соҳибистиқлолу шарафманд соҳиби парчами миллии худ гардид.
Парчами Тоҷикистони ман,
Партави шаъни ман, шони ман.
Ҳар нахи тору пуди ту шуд
Ришта аз риштаи ҷони ман.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандўстию худогоҳию худшиносӣ, пирўзиву сарфарозӣ ва ҳувияти милли мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Мардуми шарафманди Ватани мо – Тоҷикистони азиз таҳтиПарчами миллӣ обрўю эътибори мамлакатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Мо — омўзгорон вазифарем, ки оид ба дар бораи фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва рамзҳои давлатӣ дар дарсҳо пайваста ба хонандагон маълумот диҳем. Шогирдонро онҳоро тавре тарбия намоем, ки ба қадри ин Ватану миллат ва муқаддасоти он, аз ҷумла Парчами давлатӣ расанд. Зеро қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳои давлатӣ арҷгузорӣ ва ифтихор аз давлат, аз гузаштаю имрўзи халқу миллат аст..
Гулрў ФАЁЗОВА,
омўзгори гимназияи №2,
шаҳри Бўстон