*Ҷаласа

20190709_101614Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор гашта, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯро чаҳор масъала, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар нимсолаи аввали соли 2019, тасдиқи нақшаи кории шуъбаи зикргардида барои нимсолаи дуюми соли 2019, таҳлили рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳо ва ҳисоботи мудири бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Исфара оид ба натиҷаи санҷиши фаъолияти кори роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр рафт, ки идомаи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи вилоятии Хадамот чаҳор Шӯро бо баррасӣ ва муҳокимаи 28 масъала гузаронида шуда, вобаста ба ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул гаштанд.
20190709_101428Дар соли 2019 аз аттестатсияи навбатӣ гузаронидани 252 муассисаи таълимии вилоят ба нақша гирифта шуда, дар 6 моҳи соли 2019 аттестатсияи 135 муассисаи таълимӣ гузаронида шуд, ки ин 53,6%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, идомаи шаш моҳи соли 2019 ба шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз ҷониби 86 муассисаи таълимӣ барои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан ҳуҷҷатҳо пешниҳод гардиданд. Дар рафти ташкил ва гузаронидани санҷиши дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида 81 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта ҳисобида шуда, ба 4 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом ва Шаҳристон барои мутобиқ намудани фаъолият ба меъёрҳои муайянкунанда муҳлат дода шуданд.
20190709_103348Дар давраи ҳисоботӣ мониторинги донишазхудкунии хонандагон дар 217 муассисаи таълимӣ ташкилу баргузор гардид, ки ин 23,38%-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад. Дар натиҷа, сифатнокӣ 38,52% ва донишазхудкунӣ 84,71%-ро ташкил намуд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли 2018 сифатнокӣ 1,62% ва донишазхудкунӣ 3,81% баланд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи  рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар шаҳрҳои Истаравшан, Бӯстон ва ноҳияи Ашт мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи кории Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд санаи 25 апрели соли 2019 семинари вилоятии  мудирон, сармутахассисони шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар гимназияи №2 ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Ҳ. А. Наврӯзов ва муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд С. А. Раҳматов иштирок доштанд.
20190709_101950Зимни баррасии барномаи семинар аз ҷониби масъулин дар мавзӯи «Роҳҳои санҷиши сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» ба иштирокчиён маълумоти пурра дода шуда, ҳамчунин «Дастур барои роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти умумӣ» омода ва дастраси ҳамагон гардид.
Дар заминаи нақшаи корӣ фаъолияти марказҳои таълимии шаҳри Хуҷанд — “Асри нав”,              “У. Шекспир”, “Нури хирад”, “Дунёро биомӯз”, “Аркон — ЛТД” “Мир знаний” ва ноҳияи Б. Ғафуров — “Академияи Аркон”, “Алфоз”, “Гурдофарид”, “Ворисони Сино”, “Эҳёи маънавият” мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Баъди муҳокимаи ҳамаҷониба вобаста  ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, Дар ҷамъбасти ҷаласаи корӣ ба масъулини бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин иштирокчиёни ҷамъомад ҷиҳати саривақт ва босифат иҷро намудани вазифаҳои минбаъда дастурҳо дода шуданд.

Баҳоваддин ХОҶАЕВ,

сармутахассиси шуъбаи

Хадамоти давлатии назорат

дар соҳаи маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>