КИТОБХОНӢ, ДАР ЗИНДАГӢ ДАР НАМЕМОНӢ

3Таътили тобистонаи кӯдакон бинобар хуруҷи бемории коронвирус барвақтар оғоз шуда, хонандагонро ба он водор намуд, ки бештар дар хона ба волидон кӯмак намоянд. Аз сӯи дигар фурсати муносибе барои андӯхтани дониш ва васеъ намудани маънавиёти хонандагон гардид. Дар қатори дигар толибилмони кишвар хонандагони синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, шаҳри Гулистон таътили тобистонаи худро бо мутоилаи китобҳои бадеиву шеърҳо хушу хотирмон мегузаронанд.  Омӯзгорон сари чанд вақт ба хонаи шогирдон рафта, аз машғулияти онҳо бохабар мешаванд. Маъмурияти мактаб иқдом гирифтааст, ки беҳтарин китобхонҳоро дар оғози соли нави хониш бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намоянд. Ин тадбир барои иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” заминаи хубе хоҳад буд.

ИҶРОИ ВАЗИФАҲО МАСЪУЛИЯТ МЕТАЛАБАД!

   1Ҷаласаи навбатии мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти панҷмоҳа субҳи имрӯз — 18 июн дар толори Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.Зайнура Азимӣ зимни баромади таҳлилӣ омодагии муассисаҳои таълимии вилоятро ба соли нави хониш бо назардошти чораандешӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус иброз дошта, зикр намуд, ки бояд дар самти таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маорифчиён дар сафи пеш бошанд ва аз натиҷаҳои корҳои басубутрасонидашуда ҳар рӯз ба Раёсати вилоят ҳисобот диҳанд. Мавсуф ҳамзамон ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъминот бо либоси мактабӣ, ҷалби хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ,  литсею омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ, дар сатҳи баланд доир намудани  озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва вазъи сифатии кадрӣ корҳо ҷоннок карда шавад. Ҳамзамон муовини Раиси вилоят доир ба 5 пешниҳоди Прокуратураи вилоят вобаста ба қонунвайронкуниҳо ибрози ақида намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо дастури қатъӣ дод.
2  Дар идомаи кори ҷаласа Бахтиёр Сарҳадов, Сулҳия Каримова, Шуҳрат Азизов, кормандони Раёсати маорифи вилоят оид ба пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 09.06.2020, №11/67п-20 “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 5 моҳи соли 2020”, дар бораи пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 08.06.2020, №11/66п-20 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда дар соҳаи маорифи вилоят вобаста ба масъалаҳои аттестатсиякунонӣ, додани дараҷаҳои тахассусӣ ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда», мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2020, №03/2-600, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2020, №11/27-213сод вобаста ба пешниҳоди Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз 22.04.2020, №11/1-573 оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда,  пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 04.06.2020, №11/65п-20 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, пешниҳоди Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 14 апрели соли 2020, №176/17-851 “Дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” гузориш доданд.
Аз натиҷаи аттестатсияи Гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан, натиҷаи аккредитатсияи давлатии Гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич мутахассиси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова гузориш дод.4
Мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор, назди Раёсати маорифи  вилоят Раҳматҷон Зокиров аз натиҷаи таҳлили бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахброт пешниҳод намуд.
Ҳозирин  рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз ҷониби Мунира Шарипова  шуниданд.
3  Дар интиҳои кори ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати рафъи камбудиҳо аз қабили таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, раванди компютеркунонӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва сатҳи пасти касбияти сарварони мактабҳо, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон, таълимии ҳатмии хонандагон, сари вақт пешниҳод намудани маълумоти воқеии оморӣ, оид ба тадбирҳои пешгирии бемории сирояти коронавирус, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, коҳиш додани сатҳи ҷиноятсодиркунӣ байни нобилиғон, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва кам кардани қарзи харидории китобҳо аз сарварони Раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурсиш ба амал оварданд.
Бо тасдиқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2020 ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД

     101019666_105574764512704_8824714448045342720_o Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан ҷиҳати коҳиш додани бемории сироятии коронавирус навъи COVID- 19 бо  иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи  “Ваҳдат -кафили сулҳ” доир карда мешавад. Ҳамзамон  бо мақсади ба машғулият фаро гирифтани мактабиён дар давраи таътили тобистона ва талқини дар хона ба корҳои фоиданок ҷалб шудани хонандагон бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам” ва “Тозагӣ манбаи саломатӣ”  баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд сурат ва иншои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоии вайбер ва вотсап ба рақами  92- 825- 60 -70 ирсол намоянд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд

АРМУҒОНИ ИДОНАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ — ИНТЕРНАТ ШАҲРИ БӮСТОН

11Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд аз мактаб — интернати шаҳри Бӯстон дидан намуда, бо хонандагон аз наздик мулоқоти озоду самимӣ орост. Зимни суханронӣ Раиси вилоят аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бештар омӯзанд ва маърифати худро баланд бардоранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгир ва мутаккои кӯдакон ҳастанд ва барояшон имконияти таҳсилу истироҳатро фароҳам меоранд. Итминони комил дорам, ки шогирдони ин макони илму дониш дар оянда шахсиятҳои варзида ва чеҳраҳои мондагори арсаи кишвар хоҳанд шуд.
(далее…)

ҶАЛБИ 1000 НАФАР ХОНАНДАГОН БА МАҲФИЛҲОИ ҲУНАРӢ ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ

  222  Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури Раёсати маорифи вилояти Суғд  дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфилҳои техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  кишваршиносӣ  тариқи онлайн — фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонандагон фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд. (далее…)

ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ

    IMG-89f69baa41912af84587f1f5dc26d348-VҶаласаи Раёсати маорифи вилоят тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ доир шуда, дар он сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оид ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ, раванди ҷамъбасти соли таҳсил, аттестатсияҳои хатми синфҳои 9 ва 11, пардохти музди меҳнат ва рухсатиҳои омӯзгорон, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020 — 2021, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба мавсими соли нави хониш, иҷрои Барномаҳои давлатии компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дархости воқеӣ, омодагии урдугоҳҳо ба мавсими нави истироҳату фароғати хонандагон аз сардорони раёсатҳои маориф ва мудирони шуъбаҳои шаҳру навоҳии вилоят пурсиш ба амал овард. (далее…)

ТАҚДИМИ КӮМАКПУЛИҲО БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

    DSC_0121Қаҳрамониву диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.
Соли равон низ ба ифтихори 75 – солагии ғалабаи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулии якдафъаинаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаҷми   6 (шаш) ҳазор сомонӣ ва кӯмакпулии Раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.
DSC_0099Бо мақсади тақдими кӯмакпулиҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят, расонидани номаи муборакбодии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ин ҷашн субҳи имрӯз Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  19 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардаро дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров аёдат намуданд.
Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.

100 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАДАГОНИ СУҒДӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

   DSCF2587Бори нахуст ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ ва номӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо  байни синфҳои 11 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд. Хонандагони вилоят дар ин имтиҳони санҷиши донишу маҳорат дар маҷмуъ соҳиби 100 ҷойи ифтихории якуму дуюм ва сеюм гардиданд. Ҷойҳои бештарро толибилмони шаҳру ноҳияҳои Исфара (21 ҷой), Хуҷанд (18 ҷой), Бобоҷон Ғафуров (13 ҷой), Истаравшан (7 ҷой), Спитамен (6 ҷой) ва Конибодом (5 ҷой) ишғол намуданд. Қобили зикр аст, ки соҳибистеъдодҳои шаҳри Хуҷанд аз ҳама бештар  — 4 ҷойи аввалро соҳиб гардида, хонандагони Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон аз 7 ҷойи ишғолнамуда, 3 ҷойи аввалро соҳиб шуданд.
Дар қиёс ба солҳои пешин хонандагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Мастчоҳ, Зафаробод, Айнӣ дастоварди хубтар нишон дода, толибилмони шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ягон мақоми ифтихориро соҳиб нагардиданд.

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

   20200408_113758 Санаи 08.04.2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. (далее…)

РЎЕ, КИ НАГАРДАД ЗИ КАСЕ, РЎИ КИТОБ АСТ

    IMG_20200402_145925Китоб ганҷи бебаҳо ва дўсти беминнати инсон аст. Ҳар нафаре, ки китоб мутолиа мекунад, ҷаҳонбину ҷаҳондон мегардад, ба корҳои беҳуда даст намезанад. Баръакс, шахси соҳибфазлу соҳибхирад ба камол мерасад, мегўяд,-Лайло Қўзиева, аъзои фаъоли китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ, иштирокчии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоби кўдакону наврасони Тоҷикикистон». (далее…)