Афсарони ояндаи вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии «Ватанпарвар» пирӯз гаштанд

    20190518_140650Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар», ки имсол дар қисми ҳарбии 02615 – и шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаи вилояти Суғд дар намудҳои вазнбардории гирӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани автомати тамғаи Калашников, бандкашӣ ва танбардорӣ сазорвари чойи аввал, дар намудҳои машқҳои сафороӣ, газетаи деворӣ сазовори ҷойи дуюм ва дар намудани  омодагии дифои ҳарбӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Тавре, ки директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Ашурматов Фирдавс иттилоъ дод, дар озмуни мазкур дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рудакӣ,  вилоятҳои Мухтори Кӯҳистон Бадахшон,  Суғд ва ду даста аз вилояти Хатлон иштирок доштанд.

     Дар ҷамъбасти даставӣ дастаи вилояти Суғд сазорвари чойи аввал,  вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон  сазовори ҷойи дуюм ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

    Дастаи вилояти Суғдро дар озмуни мазкур ғолиби даври вилоятии озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом шоиста муаррифӣ намуд.

    Ҳамаи ғолибони озмун бо диплому ифтихорнома,  тӯҳфаҳо ва Ҷоми озмун қадрдонӣ карда шуданд.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ МАОРИФ

    2Тибқи нақшаи кории Хадамоти  давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд санаи 25 апрели соли 2019 семинари вилоятии  мудирон, сармутахассисони шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар гимназияи №2-уми ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар кори семинари вилоятӣ мудири шуъбаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии дастгоҳои марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Наврӯзов Ҳ.А., муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов С.А., мудир ва кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Ҷамолиддин Насриддинзода, мудирон, сармутахассисон ва мутахассисиони пешбари бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф иштирок доштанд. (далее…)

Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет

   0-02-05-1acb6fa25488155bd95b9a10377b5cedbda99cf8f93f0d34ba966e1587f038c2_full Дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет” баргузор гардид.
0-02-05-83da8e146b83f65ba98aad6d6177436d6d27cc488c24af881d671bc335a0dc58_fullБаъди пазироии иштирокчиён аз шаҳру навоҳии кишвар намоиши дастурҳои методии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, дастовардҳои толибилмон ва навгониҳо, идеяҳо, лоиҳаҳо дар самти пешрафти технологияи иттилоотӣ дар саҳнаи бошукӯҳи Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон намоиш дода шуд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромиддин Назаров ба семинар ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур пеш аз ҳама омӯзиши амиқи фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет мебошад.  Мо имрӯз бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ аз таҷрибаи ҳамдигар огаҳ гашта, онро дар амал истифода хоҳем бурд.
Баъдан маърӯзаи муовини директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Б. Ғаюров дар мавзӯи “Истифодабарии муносибатҳои салоҳиятнокӣ дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ” шунида шуд. Ҳамчунин дар рӯзи аввали семинар маърӯзаҳои илмии директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо Р. Воситова дар мавзӯи “Технологияи муосир дар самти IT”, мутахассиси Маркази ТИК-и шаҳри Истаравшан “Иттилооти пӯшида ва кушода”, муовини директори Маркази ТИК-и шаҳри Норак Д. Назаров “Доштани фарҳанги иттилоотӣ ин неъмати Истиқлол аст” шунида ва муҳокима карда шуданд.
Бо иштирокчиёни семинар варзиши ақлӣ дар мавзӯи “Компютерро баъди 15-20 сол чӣ тавр тасаввур мекунед?” гузаронида шуд.
0-02-05-0aa6ea93fe190c3dadc30a1eddfe75cfa121632291548808747820ecda36f4a4_full Дар рӯзи дуюми семинар фаъолияти Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Суғд зимни суханронии директори Марказ Юсуфҷон Домуллоҷонов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин маърӯзаҳои Директори маркази ТИК-и шаҳри Исфара И. Болтаев дар мавзӯи “Киберфарҳанг — фарҳанг ва интернет”, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №29-и шаҳри Конибодом “Нақши фарҳанги иттилоотӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ”, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №14, ноҳияи Ҷаббор Расулов К. Обидов “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ”, омӯзгори МТДМ “Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд” М. Неъматова таҳти унвони “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар кабинети технологияи иттилоотӣ” шунида ва муҳокима карда шуданд.

  Дар ҷамъбасти кори семинари ҷумҳуриявӣ ба иштирокчиён сертификат ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Мулоқот ҷиҳати пешгирии коррупсия

    1Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутавалиён ва Васлибек Нарзиён бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Майори адлия Шоира Мутавалиён, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуъи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки марому мақсади ниҳоии Стратегия паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, ҷиҳати рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии Рушд дар кишвар мебошад.
2Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз муборизаи дастҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда, пешгирии он вазифаи муҳим шуморида мешавад.
Дар анҷоми мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода онро натиҷагирӣ намуд.

ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ

     Даври ҷумҳуриявии озмуни  «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» дар бинои Маркази дарёфт ва рушди истедодҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Шарафи вилояти моро ғолиби даври вилоятӣ омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ, ҳимоя намуд.

   Дар расми ифтитоҳи озмун директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Назаров. К баргузор намудани чунин тадбирро баҳри боз ҳам баланд бардоштани шавқ ва завқи хонандагону устодон ба илми технология муҳим арзёбӣ намуд.

     IMG-e313a30653f2aa65267cf4e2b5aef1a9-VНатиҷаи холгузории ҳайати доварон навовариҳо ва корҳои назаррасӣ омӯзгори ҷавонӣ пуртаҷрибаи фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров Ачилов Ҳ.-ро ба назар гирифта кабинети технологияи иттилоотии муассисаи мазкур сазовори ҷои дуюм донистанд.

     Раёсати маорифи вилоят барои ноил шудан ба чунин дастовард ба аҳли кормандони Маркази вилоятиии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Муассисаи давлатии «Мактаби хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Б.Ғафуров изҳори миннатдорӣ намуда, ба омӯзгор Ачилов. Ҳ дар фатҳи қуллаҳои нави музаффарият барору комёбӣ таманно доранд.

НАВРӮЗ ПАДИДАИ НОДИРИ ФАРҲАНГИ БАШАРӢ

   Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи дар филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Наврӯз — падидаи нодири фарҳанги башарӣ» ва озмуни вилоятии «Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст» баргузор гардид. (далее…)

ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ХОНАНДАГОНИ ВИЛОЯТ ДАР ОЗМУНИ «ТЕХНИКОНИ НАВРАС»

   IMG-114758080981cb23fa2d3a4e01e2831e-VДаври ҷумҳуриявии озмуни «Техникони наврас» таҳти шиори «Мо навоварони асри ХХ1» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осоимӣ  бо иштироки 200 нафар ғолибони даври вилоятӣ доир гардид.
Барномасозӣ», «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия» ва «Роботтехника» доир шуда, Багирова Яна – хонандаи синфи 10- и Гимназияи ба номи Гёте-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия»), Очилзода Парвиз – хонандаи синфи 10- и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Роботтехника»), Назаров Ҷамшед – хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Ихтироъкорӣ»), Темурхӯҷаев Иқболхӯҷа – хонандаи синфи 7-и МТУҒ  «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Барномасозӣ»), ҷойи 1- ум ва 2 нафар хонандагон Ҳакимов АбдулатиIMG-6af2a7bdd6f0efd3c1f63b9efa4eb8b6-Vф – хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши ««Роботтехника»), Ҷалилзода Дунё – хонандаи синфи 11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон (аз бахши «Барномасозӣ») ҷои дуюмро ба даст оварданд.
Дар маҷмуъ дастаи вилояти Суғд аз ҳисоби ҷойҳои ифтихории ба дастоварда дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1- ум гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки 6 нафар хонандагони вилояти Суғд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибиятро ба даст оварданд, моҳи май дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, шарафи ҷумҳурии моро ҳимоя хоҳанд кард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

   Санаи 15.03.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
20190315_100320Дар кори Шӯро мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят, гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, литсейи №5, 6-и шаҳри Исфара, муовини директори литсейи №1-и шаҳри  Бӯстон, сармураббияи Кӯдакистони Президентӣ ва роҳбари идоракунии сифати таҳсилоти Мактаби Президентӣ иштирок доштанд. (далее…)

Олимпиадаи SPELLING BEE

2Санаи 16.03.2019 дар МТМУ #12-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи SPELLING BEE ташкил ва баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 35 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.  (далее…)

Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика

   IMG-2bc8acb6680505e1f14325239ee7116c-V Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 08.03.2019-12.03.2019 дар шаҳри Бангкоки авлати Таиланд олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он 800 нафар хонандагон беш аз 27 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Ба дастаи ҷумҳурӣ хонандагон аз мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд низ шомил буданд.

    IMG-c59161418e3f24397afc0ca3d5ae0ff0-VДар ҷамъбаст хонандагони синфи 6-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Амир ба гирифтани ҷойи якум, синфи 8 Ботурхӯҷаев Ардашерхӯҷа ба гирифтани ҷойи дуюм, хонандагони синфи 5-и мактаби Президентии шаҳри Бӯстон Ҳакимов Ҷамшед ба гирифтани ҷойи дуюм, Савриддинов Муҳаммадазиз ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд. Ғолибон бо диплом, медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.