Маорифчиёни вилоят дар мақоми саодат ва шукргузорӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба соҳаи маориф барои афзун намудани дастовардҳояшон талош меварзанд.
Аз 31 – уми октябр то 7 – уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 13 – умин Олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» аз фанҳои математика, забони англисӣ, география, биология, таърихи ҷаҳон, физика, химия, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 34 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бӯстон, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Мактаби Президентӣ воқеъ дар шаҳри Бӯстон ширкат варзиданд.
Боиси ифтихор аст, ки мактабиёни вилоят дар ин озмуни донишу ҳунар бомуваффақият иштирок намуда, ба дастоварди назаррас сазовор гардиданд. Аз ҷумла, 29 нафар хонандагон ғолибият ба даст оварда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил шуданд. 10 нафар, сазовори ҷойи якум, 10 нафари дигар сазовори ҷойи дуюм ва 9 нафар ба дарёфти ҷойи сеюм мушарраф шуданд. Инчунин, дастаҳои толибилмон аз фанҳои физика, химия ва биология ғолиб дониста, бо 3 адад Ҷоми даставӣ сарфароз гардонида шуданд.