Чанде пеш ба ифтихори Соли Ҷавонон ва 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон даври вилоятии фестивал – озмуни “ Сапеда” гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз рӯи ҳашт бахш – “Овозхонӣ” , “Навозандагӣ”, “ Хореография”, “ Наттоқон”, “Композиторони наврас”, “Санъати тасвирӣ”, “Наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ”, “Ихтироъкорӣ, лоиҳаи инноватсионӣ ва сомонаи интернетӣ” гузаронида шуд. Ҷойи якум насиби дастаи шаҳри Панҷакент гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом ишғол намуданд.
* * *
Дирӯз байни хонандагони синфҳои болоии мактаби Призидентии шаҳри Бӯстон озмуни иншои беҳтарин бо забони англисӣ дар мавзӯи “Муаллими аввалини ман” доир гашт. Дар озмуни мазкур хонандагони синфи 11 Шаҳзода Эшонова ва Мафтуна Ғафурова беҳтарин дониста шуданд.
* * *
Ба наздикӣ байни тарбиятгирандагони мактаб – интернати вилоятӣ озмуни “Хушхатнависон” ташкилу баргузор гашт. Дар озмун Музаффар Аҳмадҷонов – хонандаи синфи 6, Фирдавс Ташрифов – хонандаи синфи 7 ва Камила Кармишева — хонандаи синфи 7 ғолибият ба даст оварданд.