Тибқи нақшаи кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят санаи 5 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи « Конститутсия орад бахту саодат» бо аъзоёни маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар литсейи №1 мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Бӯстон, кулли омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок карданд. Мизи мудаввар бо шеърхонии хонандагон оғоз шуда, дар рафти чорабинӣ хонандагон дар бораи таърихи қабули Конститутсия дар давраи ИҶШС ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Ҳамчунин, панду андарзҳои муттафаккирони тоҷик оиди ин мавзуъ гуфта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ хонадагон оиди аҳамияти омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, бо суруди умумӣ дар васфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.