
Дар меҳвари ин тадбир масъалаҳои ҳолати санитарию эпидемологӣ, назорати дохилимуассисавӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, имтиёз ба мутахассисони ҷавон, риояи интизоми иҷрои вазифа, сатҳу сифати таҳсилот, тарзи дафтардории даврӣ, лабораторӣ, рӯзномаҳои хонандагон, фаъолияти Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ, инчунин пояи моддиву техникии муассисаҳо марбут буданд, ки онҳо дақиқу амиқ санҷида шуданд. 

Тариқи саволу ҷавоб бо хонандагон сатҳи донишу малака ва раванди таҳсилоти онҳо ба мушоҳида расиданд. Санҷиш аён намуд, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, иншои хаттӣ тариқи эссе фаъолияти касбиашонро бояд ҷиддӣ намоянд.

Дар Ширхоргоҳ — кӯдакистони #11-и деҳоти Унҷӣ мушкилоти кадрӣ вуҷуд надорад. Аз 10 айвонча 5-тоаш азнавсозӣ гардида, боз 5-тои дигараш бояд аз таъмири босифат бароварда шавад.