Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷалсаи навбатӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов дар ин бора гузориш дода, зикр дошт, ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз дар соҳа камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки иҷрои саривақтии он боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия мегардад. Сарварони хадамотҳои шаҳру навоҳии Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Ашт ва Масчоҳ доир ба фаъолияти кориашон маълумот доданд.
Сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол, натиҷаи рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо гузориш дод.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов зимни ҷамъбасти ҷаласа аз роҳбарони Хадамотҳои шаҳру навоҳии вилоят даъват ба амал овард, ки дар робита бо мудирони методкабинетҳо бештар аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дидан намоянд, барои беҳтаршавии фаъолият дастурҳо диҳанд.