Санаи 09.05.2022 бо иштироки мудири маорифи ноҳияи Ашт муҳтарам Ҳайдарзода М. ва директори МТМУ рақами 48 шахси барӯманди деҳаи Бободархон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Холматов Абдуқодирро аёдат намуданд. Ба устод аз тарафи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. (далее…)
Талаботи муосири дарс истифодаи равишҳои навро дар таълими математика дар назар дорад. Дар ин раванд омӯзгор ҳангоми тайёрӣ ба дарс аз технологияи ҳисоббарор низ бештар истифода мебарад.
Дарсҳо бо истифода аз муаррифии соҳа бойтару самараноктар гардида, имкон медиҳанд, шавқу завқи хонандагон ба фани математика, фаъолияти маърифатӣ ва муносибати эҷодӣ инкишоф ёбад. Дар давоми фаъолияти корӣ ба хулоса омадам, ки агар ҳангоми фаҳмонидан муаллимон муаррифии компютериро истифода баранд ва ба тамоми меъёру талабот мувофиқ бошад, хонандагон камаш 10-20 фоиз беҳтар азхуд мекунанд.
Муаррифӣ дар дарс танҳо як восита аст, аз ин рӯ, он бояд ба таври қатъӣ ҳангоми зарурат истифода шавад.
Одамон дар як вақт на бештар аз се ҷузъ – далел, хулоса ва таърифро дар хотир дошта метавонанд. Ба сифати тасвир аҳамият додан лозим меояд, агар он баланд набошад, беҳтар аст, ки аз он даст кашидан лозим мебошад.
Беҳтараш видеоҳоро аз 4-5 дақиқа зиёд истифода бояд бурд. Ҳамзамон, ба ороиши эстетикии муаррифӣ диққати калон додан дозим аст. Барои ҳама слайдҳо як услуби ягона бояд интихоб карда шавад – тарроҳӣ набояд кӯдаконро аз маълумоти пешниҳодшуда парешон созад. Дар заминаи монохроматӣ иттилоот осонтар қабул карда мешавад. Кӯшиш кардан лозим, ки барои замина ва матн рангҳои муқобил истифода бурда шавад. Дар маҷмӯъ, равоншиносон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми муаррифӣ на беш аз се ранг истифода гарданд: яке барои замина, дигаре барои сарлавҳа ва сеюмӣ барои матн. Муаррифии мултимедиявӣ имкон медиҳад, ки на танҳо шавқу рағбатро ба мавзӯъ бедор созад, балки бо иҷрои дурусти техникӣ ва эстетикӣ, аёният, самаранокии дарсро таъмин намуда, тасаввуроти фазоии хонандагонро инкишоф дода, боиси баланд шудани сифати дониш мегардад.
Ойтӯтахон ҚОСИМОВА,
омӯзгори МТМУ №12, шаҳри Хуҷанд
Вобаста аз намуди маҳфил (ихтироъкорӣ, тахассусӣ, фаннӣ) мақсад ва вазифаҳои он гуногун мешавад. Агар мақсади ниҳоии маҳфили ихтироъкорӣ дар хонанда бедор намудани ҳисси ихтироъкорӣ ва иштирок дар озмунҳои гуногуни ихтирокорон ва навоварон бошад, мақсади маҳфилҳои фаннӣ васеъ намудани дониш, маҳорат ва малакаи хонанда ва иштирок дар озмунҳои гуногуни фаннӣ мебошад. (далее…)