Бахшида ба Иди Ғалаба дар Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан чорабинии шавқовар доир гардид. Меҳмонони ҷамъомад оид ба диловариҳои родмардони Ватан дар ҷабҳаҳои хунин ҳарф зада, таъкид доштанд, ки барои аз юғи фашизм озод намудани мардуми кишварҳои Аврупо тоҷикон низ саҳм гирифтаанд. (далее…)
Оғози даври вилоятии сессияи Академияи хурди илмҳо бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Зафаробод, Ашт ва Шаҳристон дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо ибтикори Раёсати маорифи вилоят. Баъди нисфирузӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд идома ёфт. (далее…)
Дар кӯдакистонҳои шаҳри Гулистон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баҳри пешгирии садамаҳои нақлиёт ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби мураббияҳо дарси кушод ташкил карда шуданд. (далее…)