Бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, роҳбарони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ доир гардид.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ дар мавзӯи “Пешрафти маорифи миллӣ – ояндаи неки кишвар, саҳми аҳли маориф дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии бегонапарастии хонандагон” маърӯза намуда, ҳозиринро бо вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, шинос намуд. Мавсуф оид ба саҳми аҳли маориф дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии бегонапарастии хонандагон, ҷиноятсодиркуниву қонунвайронкунӣ батафсил истода гузашт. Аз ҷумла номбурда таъкид кард, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Пешвои миллат дар Паёмашон диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид карданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.
Перомуни саҳмгирии маорифчиён дар мавриди роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дар замина баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, пешгирии ба муҳоҷират рӯ овардани тарбиятгарони насли ояндасоз, аз таълим берун мондани хонандагон, ҷилавгирии хонандагон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабаб ва омилҳои ба вуҷуд омадани оилаҳои ноустувор, душвортарбия будани ноболиғон, тақлид ба фарҳанги бегонапарастӣ, роҳ надодан ба ҷиноятсодиркунии хонандагон ва ба худкушию сӯиқасд ба ҷони худ ибрози ақида намуда, бо мисолҳои мушаххас вазъи ба амал омадаро бозгӯ намуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир, ки тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. Яке аз омилҳои асосии омодашавӣ ва гумроҳшавии ҷавонон, ки ниҳоят ба ҳодисаву воқеаҳои экстремистиву террористӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ оварда мерасонад, ин тадриси динии насли наврас ва ҷавонони ноогоҳ дар назди «муллоҳои худомўз» ба ҳисоб меравад. Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ бошанд. Мавсуф дар идомаи суханронии худ яке аз омили аз тарбия дур мондани хонандагонро дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани волидон рабт дошта, зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз аҳли ҷомеа бо он рӯ ба рӯ шудааст, ин туфайли муҳоҷирати меҳнатӣ ба амал омадани оилаи ноустувор, хонандагони душвортарбия ва аз таълиму дур мондани наврасону ҷавонон аст. Қайд шуд, ки ҳарчанд 84 нафар хонандагони душвортарбия ба маҳфилҳои ҳунаромӯзии Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб шудаанд, ин тадбир дар мавриди пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон кифояткунанда нест.
Вобаста ба масъалаи муҳокимашуда дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.