ТАКМИЛИ ИХТИСОС МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ДОИМӢ

   Аҳамияти калидии соҳаи маориф аст, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҷаласаи нахустини худро ба соҳаи маориф бахшида, масъалаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷаласа санаи 18 июни соли равон таҳти раёсати Дилафрӯз Саидӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5 «Масҷиди Сурх»-и шаҳри Хуҷанд, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷараён гирифта, дар кори он аъзоёни комиссия, вакилони навинтихоби халқ, ҳамчунин таклифшудагон, аз ҷумла муовини  Раиси вилояти Суғд муҳтарам Зайнура Азимӣ, директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд М.Исомаддинзода, роҳбари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии вилояти Суғд», намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа директори филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш доир ба бурду бохти филиали донишкада дар самти татбиқи барномаи мазкур давоми солҳои 2018, 2019 ва чор моҳи соли 2020, хусусан оид ба фарогирии бештари омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, таъмини сифат ва самаранокии курсҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, технологияи пешрафта ва инноватсионӣ дар курсҳои такмили ихтисос, такмили заминаҳои моддию техникӣ ва илмию методии муассиса, аз ҷумла ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ, забонҳо, ба роҳ мондани омӯзишҳои фосилавӣ ва дигарон дар назди вакилони халқ гузориш дод.
Дар анҷоми гузориш вакилони халқ – аъзоёни комиссия ба музокирот баромада, доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ташкил ва роҳандозӣ шудани курсҳои такмили ихтисоси фосилавӣ бо назардошти талаботи сироятшавӣ ва паҳншавии бемории нави COVID- 19, ҳаддалимкон зиёд карда шудани соатҳои пешбинишудаи равоншиносӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бо назардошти эълон шудани 20-солаи омӯзиши  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба таъсису ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фаннии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар ин замина густариш бахшидани ин раванд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди вилоят ва амсоли ин масъалаҳои мубрами вобаста ба такмили ихтисос ва ташаккули малакаи касбии омӯзгорон ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуданд.

 

МАСЪУЛИЯТНОКӢ ГАРАВИ САЛОМАТӢ

   IMG_20200625_101458_858Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон ба кӯчаву марказҳои савдо  равона мебошанд. Махсусан анбӯҳи зиёди сокинонро дар кучаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо мушоҳида кардан мумкин аст. (далее…)

ТАВСИЯ: БА ЗАРУРИЯТ БА КӮЧА НАБАРОЕД!

   6Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз вазъи саломатии сокинон гурӯҳи кории шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон тайи се рӯз аст, ки бо усули хона ба хона тарзи ҳаёти солимро ба аҳолӣ таблиғ мекунанд. Зимни  сӯҳбатҳо маълум шуд, ки дар қиёс ба 10 – 15 рӯзи пешин руҳияи сокинон болида буда, онҳо бо қаноатмандӣ аз тадбирҳои рӯи кор гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза аз бемории коронавирус назари андеша намуданд. Аксари пурсидашудагон аз вазъи саломатии худ шикоят накарданд ва аз ғамхориҳои пайвастаи масъулони ситодҳо ёдовар шуданд.
Дар навбати худ гурӯҳи ташвиқотчиён аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки аз коҳишёбии беморӣ фориғболӣ накарда, безарурият ба кӯчаҳо набароянд. Ҳангоми ба кӯча баромадан тавсияҳои мутахассисонро ба инобат гиранд.изображение_viber_2020-06-25_11-19-07
Дар вохӯриҳо ба аҳолӣ наздики 50 ниқобҳо ройгон тақсим карда шуд

БА МАРДУМ РОҲНАМО БОШЕМ!

   изображение_viber_2020-06-23_16-52-34 Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID -19 дар асоси дастуру вазифагузориҳои Раёсати маорифи вилоят маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Алишер Навоии шаҳри Гулистон дар ҳудуди маҳалла бо сокинон вохӯрӣ доир намуда, дар бораи роҳҳои мубориза ба ин беморӣ дастурҳои мушаххас медиҳанд. (далее…)

ВОВАЙЛОГӮИҲОИ БЕБУНЁД ВА Ё БЕИҚБОЛИИ МУҲАММАДИҚБОЛ

      Дар тӯли таърих миллати тоҷик борҳо шоҳиди тохтутоз ва хунхориҳои аҷнабиён гардида, фаротар аз он хиёнату дассисаҳои нафарони дурӯя ва чоплусу худхоҳро дар мағзи устухони худ эҳсос кардааст. Маҳз ҳамин носипосон, ватанфурӯшони майдонғариб буданд, ки дар баробари қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷоъ лагандбардориву чоплусӣ намуда, марзу буми кишварро барои ҳифзи ҷону моли худ фурӯхтанд. Аҷдодони ин касифон то имрӯз хиёнатро бар ин миллат раво дида, бо баҳонаҳои гуногун, ки ҷавҳараш дассисаву бӯҳтон, нодидагириву бахилӣ аст, раво мебинанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳар қадар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздиктар шавад, хоинони миллат ҳамон қадар “мурдаву зинда” мешаванд. Ин нотавонбинон шодиву нишот, ободии макон, пешрафт ва шукуфоии кишварро дида наметавонанд. Гузашта аз ин, ба ақсои олам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки ин сана аз хотироти таърихии миллат кӯр карда шавад, зеро бандҳои Созишнома аз ҷониби Ҳукумати кунунӣ иҷро нашуд. “Равшандилон ва миллатдӯстон” дар симои Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин сухан аз кадом банди Созишнома мегӯянд, худ намедонанд.  Бале, шумоён дар назар доред, тақсимоти 30 фоизаро. Аммо, касе аз Шумоён иқрор намешаванд, ки кадрҳои интихобкардаатон ба ҷузъ аз қориазёдкардани “Қуръон” дигар дар умури давлатдорӣ ба ягон чиз сарфаҳм нарафтанд. Дар натиҷа давраи роҳбариашон дер напоид, аксарияташон шармандавор маснадҳои худро тарк карданд. (далее…)

ТАҚВИЯТИ ДОНИШИ МУҲАССИЛИН ДАР ДАВРАИ ТАЪТИЛ

   1Конференсияи навбатии  Марказҳои технологияи иттилоотии назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят, ки бо иқдоми Маркази технология ва иттилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ин дафъа масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагонро тавассути дарсҳои онлайни мавриди баррасӣ қарор дод. Ба роҳбарону масъулони Марказҳо  директори Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров К роҳҳои тақвият бахшидани дониши хонандагонро тавассути видеомашғулиятҳо фаҳмонида, баён дошт, ки самаранок истифода бурдани шабакаи байналмилалии интернет ва дар хазинаи электронӣ ҷо намудани машғулиятҳои навоваронаи устодон аз аҳамият холӣ нест. Бояд кормандони Маркази ТИК дар ҳамоҷоягӣ бо омӯзгорони  фанни технологияи иттилоотӣ роҳҳои самаранок дар зеҳну хотироти хонандагон ҷо гирифтани донишро ҷӯё бошанд.
Зимни онлайн конференсия иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

КИТОБХОНӢ, ДАР ЗИНДАГӢ ДАР НАМЕМОНӢ

3Таътили тобистонаи кӯдакон бинобар хуруҷи бемории коронвирус барвақтар оғоз шуда, хонандагонро ба он водор намуд, ки бештар дар хона ба волидон кӯмак намоянд. Аз сӯи дигар фурсати муносибе барои андӯхтани дониш ва васеъ намудани маънавиёти хонандагон гардид. Дар қатори дигар толибилмони кишвар хонандагони синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, шаҳри Гулистон таътили тобистонаи худро бо мутоилаи китобҳои бадеиву шеърҳо хушу хотирмон мегузаронанд.  Омӯзгорон сари чанд вақт ба хонаи шогирдон рафта, аз машғулияти онҳо бохабар мешаванд. Маъмурияти мактаб иқдом гирифтааст, ки беҳтарин китобхонҳоро дар оғози соли нави хониш бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намоянд. Ин тадбир барои иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” заминаи хубе хоҳад буд.

ИҶРОИ ВАЗИФАҲО МАСЪУЛИЯТ МЕТАЛАБАД!

   1Ҷаласаи навбатии мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо натиҷабардорӣ аз фаъолияти панҷмоҳа субҳи имрӯз — 18 июн дар толори Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.
Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.Зайнура Азимӣ зимни баромади таҳлилӣ омодагии муассисаҳои таълимии вилоятро ба соли нави хониш бо назардошти чораандешӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус иброз дошта, зикр намуд, ки бояд дар самти таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маорифчиён дар сафи пеш бошанд ва аз натиҷаҳои корҳои басубутрасонидашуда ҳар рӯз ба Раёсати вилоят ҳисобот диҳанд. Мавсуф ҳамзамон ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъминот бо либоси мактабӣ, ҷалби хатмкунандагон ба муассисаҳои олӣ,  литсею омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ, дар сатҳи баланд доир намудани  озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ва вазъи сифатии кадрӣ корҳо ҷоннок карда шавад. Ҳамзамон муовини Раиси вилоят доир ба 5 пешниҳоди Прокуратураи вилоят вобаста ба қонунвайронкуниҳо ибрози ақида намуда, барои бартараф намудани камбудиҳо дастури қатъӣ дод.
2  Дар идомаи кори ҷаласа Бахтиёр Сарҳадов, Сулҳия Каримова, Шуҳрат Азизов, кормандони Раёсати маорифи вилоят оид ба пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 09.06.2020, №11/67п-20 “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 5 моҳи соли 2020”, дар бораи пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 08.06.2020, №11/66п-20 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда дар соҳаи маорифи вилоят вобаста ба масъалаҳои аттестатсиякунонӣ, додани дараҷаҳои тахассусӣ ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда», мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.06.2020, №03/2-600, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2020, №11/27-213сод вобаста ба пешниҳоди Прокуратураи шаҳри Панҷакент аз 22.04.2020, №11/1-573 оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда,  пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 04.06.2020, №11/65п-20 «Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ вобаста ба тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, пешниҳоди Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 14 апрели соли 2020, №176/17-851 “Дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” гузориш доданд.
Аз натиҷаи аттестатсияи Гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан, натиҷаи аккредитатсияи давлатии Гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич мутахассиси шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи маорифи вилоят Марҳабо Маъмурова гузориш дод.4
Мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор, назди Раёсати маорифи  вилоят Раҳматҷон Зокиров аз натиҷаи таҳлили бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ахброт пешниҳод намуд.
Ҳозирин  рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз ҷониби Мунира Шарипова  шуниданд.
3  Дар интиҳои кори ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати рафъи камбудиҳо аз қабили таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, раванди компютеркунонӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва сатҳи пасти касбияти сарварони мактабҳо, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон, таълимии ҳатмии хонандагон, сари вақт пешниҳод намудани маълумоти воқеии оморӣ, оид ба тадбирҳои пешгирии бемории сирояти коронавирус, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, коҳиш додани сатҳи ҷиноятсодиркунӣ байни нобилиғон, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва кам кардани қарзи харидории китобҳо аз сарварони Раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурсиш ба амал оварданд.
Бо тасдиқи нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2020 ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД

     101019666_105574764512704_8824714448045342720_o Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан ҷиҳати коҳиш додани бемории сироятии коронавирус навъи COVID- 19 бо  иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи  “Ваҳдат -кафили сулҳ” доир карда мешавад. Ҳамзамон  бо мақсади ба машғулият фаро гирифтани мактабиён дар давраи таътили тобистона ва талқини дар хона ба корҳои фоиданок ҷалб шудани хонандагон бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам” ва “Тозагӣ манбаи саломатӣ”  баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд сурат ва иншои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоии вайбер ва вотсап ба рақами  92- 825- 60 -70 ирсол намоянд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд

АРМУҒОНИ ИДОНАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ — ИНТЕРНАТ ШАҲРИ БӮСТОН

11Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд аз мактаб — интернати шаҳри Бӯстон дидан намуда, бо хонандагон аз наздик мулоқоти озоду самимӣ орост. Зимни суханронӣ Раиси вилоят аз хонандагон даъват ба амал овард, ки бештар омӯзанд ва маърифати худро баланд бардоранд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгир ва мутаккои кӯдакон ҳастанд ва барояшон имконияти таҳсилу истироҳатро фароҳам меоранд. Итминони комил дорам, ки шогирдони ин макони илму дониш дар оянда шахсиятҳои варзида ва чеҳраҳои мондагори арсаи кишвар хоҳанд шуд.
(далее…)