ҶАЛБИ 1000 НАФАР ХОНАНДАГОН БА МАҲФИЛҲОИ ҲУНАРӢ ТАРИҚИ ФОСИЛАВӢ

  222  Бо мақсади дар таътили тобистона ба машғулият фаро гирифтани хонандагон бо дастури Раёсати маорифи вилояти Суғд  дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят айни замон 16 маҳфилҳои техникони ҷавон, табиатшиносон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  кишваршиносӣ  тариқи онлайн — фосилавӣ бо фарогирии 220 нафар хонандагон фаъолият доранд. Устодон ҳамарӯза маҳсули дастони толибилмонро назорат бурда, барои сайқали ҳунару маҳорати онҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд. (далее…)

ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ

    IMG-89f69baa41912af84587f1f5dc26d348-VҶаласаи Раёсати маорифи вилоят тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ доир шуда, дар он сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оид ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ, раванди ҷамъбасти соли таҳсил, аттестатсияҳои хатми синфҳои 9 ва 11, пардохти музди меҳнат ва рухсатиҳои омӯзгорон, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020 — 2021, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба мавсими соли нави хониш, иҷрои Барномаҳои давлатии компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дархости воқеӣ, омодагии урдугоҳҳо ба мавсими нави истироҳату фароғати хонандагон аз сардорони раёсатҳои маориф ва мудирони шуъбаҳои шаҳру навоҳии вилоят пурсиш ба амал овард. (далее…)

ТАҚДИМИ КӮМАКПУЛИҲО БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

    DSC_0121Қаҳрамониву диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.
Соли равон низ ба ифтихори 75 – солагии ғалабаи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулии якдафъаинаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаҷми   6 (шаш) ҳазор сомонӣ ва кӯмакпулии Раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.
DSC_0099Бо мақсади тақдими кӯмакпулиҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят, расонидани номаи муборакбодии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ин ҷашн субҳи имрӯз Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  19 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардаро дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров аёдат намуданд.
Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.

100 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАДАГОНИ СУҒДӢ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

   DSCF2587Бори нахуст ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ ва номӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо  байни синфҳои 11 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд. Хонандагони вилоят дар ин имтиҳони санҷиши донишу маҳорат дар маҷмуъ соҳиби 100 ҷойи ифтихории якуму дуюм ва сеюм гардиданд. Ҷойҳои бештарро толибилмони шаҳру ноҳияҳои Исфара (21 ҷой), Хуҷанд (18 ҷой), Бобоҷон Ғафуров (13 ҷой), Истаравшан (7 ҷой), Спитамен (6 ҷой) ва Конибодом (5 ҷой) ишғол намуданд. Қобили зикр аст, ки соҳибистеъдодҳои шаҳри Хуҷанд аз ҳама бештар  — 4 ҷойи аввалро соҳиб гардида, хонандагони Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон аз 7 ҷойи ишғолнамуда, 3 ҷойи аввалро соҳиб шуданд.
Дар қиёс ба солҳои пешин хонандагони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Мастчоҳ, Зафаробод, Айнӣ дастоварди хубтар нишон дода, толибилмони шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ягон мақоми ифтихориро соҳиб нагардиданд.

ИҶРОИШИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ТАВАҶҶУҲ МЕТАЛАБАНД

   DSCF9920Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сарварони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят доир гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. (далее…)

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

   20200408_113758 Санаи 08.04.2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. (далее…)

РЎЕ, КИ НАГАРДАД ЗИ КАСЕ, РЎИ КИТОБ АСТ

    IMG_20200402_145925Китоб ганҷи бебаҳо ва дўсти беминнати инсон аст. Ҳар нафаре, ки китоб мутолиа мекунад, ҷаҳонбину ҷаҳондон мегардад, ба корҳои беҳуда даст намезанад. Баръакс, шахси соҳибфазлу соҳибхирад ба камол мерасад, мегўяд,-Лайло Қўзиева, аъзои фаъоли китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ, иштирокчии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоби кўдакону наврасони Тоҷикикистон». (далее…)

ЗАН -ТАРОВАТУ БАҲОРИ ҲАЁТ

    DSCF9764Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон чорабинии идонаи маорифчиёни вилоят баргузор гардид.
Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ Паёми табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст расонд. Зимни табрикот зикр шуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бонувонро ба ифтихори ин ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзиву саломатӣ, зиндагии  бонишот, бахту иқбол, рӯҳи саршору тани нерӯманд ва пирӯзиҳову  комгориҳои  нав ба нав орзу намуд.
DSCF7756Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд кулли занони маорифчиёни вилоятро ба ифтихори ин ҷашн табрику таҳниятҳо гуфта, қайд намуд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.
DSCF9805Дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббияи соли Тоҷикистон», омӯзгорону мураббияҳои навовару пешқадам бо Ифтихорномаю Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят  тақдиронида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзои дастаи ҳунарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, хонандагони Мактаби Президенти  шаҳри Бӯстон, ҳофизони мумтоз Носир Раҳимов, Аловаддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо, Махками Баҳриддин, Муҳсин Ахмедов, Рустам Азимӣ ва дигарон бо рақсу таронаҳои марғуб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Мақсад — таҳкими ҳисси ватандӯстӣ

    IMG_20200220_113045_1Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 27 – солагии  Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 – солагии таъсисёбии Созмони хонандагон ва ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии  озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода афсарони аскарони қисми ҳарбии мазкур ва иштирокдорони озмунро ба ифтихори солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишвар табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон таккони ҷиддие мебахшад.
IMG-1b82514688230991e967b888c322adde-V   Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ — дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич, Конибодом ва Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 бахш — машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, таҳияи варақаи ҳарбӣ – ватанпарастӣ бо ҳам мусобиқа намуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои озмун ҷойи аввал насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ҷойи дуюмро дастаи шаҳри Конибодом ишғол намуд ва мақоми сеюм ба дастаи шаҳри Истаравшан дода шуд. Дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич барои ширкати фаъолона бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 27.01.2020, №24 дар се давр — шаҳрӣ (ноҳиявӣ), минтақавӣ ва вилоятӣ ташкилу баргузор гардид.
Ғолибони озмун моҳи июн вилояти Суғдро дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» намояндагӣ мекунанд.

Шӯҳратҷон АЗИЗОВ,
мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Суғд

Натиҷагирӣ аз фаъолияти корӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ

IMG-9b8df43e7c9360b7b579a812e069cdae-VТибқи нақшаи корӣ дар толори Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ ва мушовирони томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи ҳисоботии муассисаҳои томактабии вилоят баргузор гардид.
Ҷаласа аз ҳисоботи мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилоят Гулсара  Тошматова оид ба корҳои дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2019-2020 анҷом додашуда,  оғоз гардид.
Сипас мувофиқи нақша таҳлили  «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» гузаронида шуда, таъмини иҷроиши он ва пешниҳоди маълумотнома дар ҳар шашмоҳа вазифагузорӣ гардид.
Инчунин барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 низ вазифаҳо муайян карда шуданд.
Дар ҷамбасти ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ оид ба пешравӣ ва камбудиҳои соҳаи низоми таҳсилоти томактабӣ бо мушовирон ҳамсӯҳбат гардид.