ИНЪИКОСИ ВОҚЕЪБИНОНА — ОМИЛИ РУШДИ СОҲА

Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 ва тибқи  нақша — чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Раёсати маорифи вилоят нишасти матбуотии сардори Раёсат бо иштироки  25 нафар намояндагони  расонаҳои хабарӣ доир гардид. (далее…)

Садсолаҳо умр бинед, устод!

* Меҳрнома

     Роҳи зиндагӣ пурпечутоб аст. Мардум ба роҳи тайнамудаи одамоне, ки умри дароз дидаанд, ба кору пайкор ва обрӯю эътибори онҳо баҳо медиҳанд. Кам одамоне ёфт мешаванд, ки аз зиндагии худ розӣ бошанду бо ифтихор роҳи ҳаёти хешро пеши назар оварда, аз зиндагии бобарорашон қиссаҳо гӯянд.
Мехоҳам, аз зиндагиномаи як тан омӯзгор, ки аз мардони шарифи деҳаи Рӯмон асту мақому манзалати хеле баландро соҳиб аст, нақл намоям. Вақте саҳифаҳои рӯзгори омӯзгорро варақгардон мекунем, мебинем, ки ӯ тамоми умр некӣ кардаасту аз бадиҳо гузида, алайҳи бадиҳои ҷамъият хастанопазирона мубориза бурдааст. (далее…)

Сазовори мукофот

    Дар шаҳри Абу Дабии Аёлоти Муттаҳидаи Араб даври ниҳоии ёздаҳуми озмуни байналмилалии экологӣ ҷиҳати ноил гардидан ба мукофоти султони ин кишвари шинохта Зайд ибни Султон — ал — Наҳайян баргузор гардид.

    Дар байни 31 нафар довталабони озмуни мазкур  аз кишварҳои мухталифи олам ба ду нафар толибилми синфи 10 “б”, муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Гимназияи ба номи Ё. В. Гёте”, шаҳри Хуҷанд Таҳмина Холиқова,  Далер Дадобоев ва омӯзгори фанни экологияи дабистони мазкур Заррина Мирзошарифова имкон даст дод, ки бо эҷодҳои илмӣ — маърифатии худ ба гирифтани мақоми аввал ва мукофоти таъсиснамудаи Зайд ибни Султон — ал — Наҳайян мушарраф гарданд.

    Мукофоти баланд имкон медиҳад, ки муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Гимназияи ба номи Ё. В. Гёте” бо батареяҳои офтобӣ таҷҳизонида шавад.

.

                                                                                           Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,

                                                                                 хабарнигори “Дурахшандагон”

Масъулияти бештар мебояд

*Ҷаласа

    DSCF7201Дар маҷлисгоҳи гимназияи рақами 1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид. Дар он инчунин кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, мудирони кабинетҳои методӣ, сармутахассисони бахшҳои Хадамоти назорат дар соҳаи маориф, директорони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, техникаи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо, масъулини марбут ба масъалаҳои баррасишаванда ҳузур доштанд. (далее…)

Ҳанифа Валиева- «Мураббии соли Тоҷикистон» шуд

2Санахои 10-12 январи соли 2019 дар муассисаи таълимии томактабии № 18-и ш.Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он 5-нафар ғолибон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шахри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар чамбаст мураббии муасисаи таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд, ВАЛИЕВА ХАНИФА сазовори ҷои якум гардид. viber image
Ҷамъбаст бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Голиби озмун Валиева Ханифа бо Ҷом, дипломи дарачаи як ва мукофотпулии яквакта сарфароз гардонида шуд. Хамчунин аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотпулӣ кадрдонӣ карда шуд.
Бояд кайд намуд, ки таи 5-соли охир мураббиёни вилояти Суғд дар озмуни “Мураббии солит Тоҷикистон” ҷои аввалро ишғол менамоянд.

ФАЪОЛИЯТ МАСЪУЛИЯТРО ТАҚОЗО ДОРАД

DSCF7153Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар кори Шӯро муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А., мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсат Раҳмонов Н.А. кормандони шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мудирон ва кормандони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гимназияи №3-и шаҳри Истаравшан, литсейи №1-и шаҳри Конибодом, литсейи №2-и шаҳри Исфара, кӯдакистони №1-и шаҳри Бӯстон, литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, гимназияҳои №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва №5-и ноҳияи Ашт, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд. (далее…)

ҶАҲДУ ТАЛОШИ ФУЗУН БОЯД

каримзода

Осим Каримзода, сардор Раёсати маорифи вилояти Суғд

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дастовардҳои аҳли мамлакат дар соли 2018 зикр ва вазифаҳои минбаъдаи мардуми кишвар муфассал баён гардиданд.
Шоистаи қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша зимни ироаи Паём рушду нумӯи соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат баробари таҳлили ғамхоронаи бурду бохти соҳа барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи маориф дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки миллати босавод муҷиби пешравии ҳар давлату кишвар аст. Равона намудани таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорат барои баланд бардоштани дараҷаи дониши касбии омӯзгорон, пешгирии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии мутахассисони ҷавон аз зумраи ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки дар Паём ифода ёфтанд. (далее…)

ОЗМУН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

   Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, инчунин ҳавасмандкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба иыдоми шоиста рӯ овард. Аз 25 ноябр то 15 декабри соли 2018 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарин дар мавзӯи “Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2018” баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз вилояти Суғд зиёда аз 60 расмҳои беҳтарини хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуданд.
Аз байни 600 адад расмҳои ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардида расмҳои пешниҳоднамудаи 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд беҳтарин дониста шуданд.
Аз ҷумла расмҳои пениҳоднамудаи О. Исмоилов — хонандаи синфи 8, гимназияи №1, Р.Фаррухзода – хонандаи синфи 5, муассисаи ғайридавлатии “Паймони азизон”, Р.Шарифбоева – хонандаи синфи 5, муассисаи таълимии №26, шаҳри Хуҷанд, О. Қӯшматов хонандаи синфи 3, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шаҳристон, У.Носиров – хонандаи синфи 6, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Деваштич ба баҳои баланди ҳайати доварон сазовор гардиданд. Дастаи вилояти Суғд бо 5 ҷойи ифтихорӣ соҳиби ҷойи якум гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

БАХТИЁР САРҲАДОВ,
Сармутахассиси шуъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят

       

МАФҲУМИ АНДОЗ АЗ НИГОҲИ ХОНАНДА

DSCF7012Соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раёсати андози вилоят озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир мегардад. Даври ҷамъбастии он  дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар қиёс ба соли гузашта сафи иштирокчиён ба маротиб афзудааст. Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд.
Дар бахши озмуни «Расми беҳтарин» ҷойи якумро Абдуллоҳ Усанов, хонандаи синфи 7 аз гимназияи №2, шаҳри Бӯстон ишғол намуд. Зинаҳои дуюми сеюмро Исфандиёр Ашӯров — хонандаи синфи 11, МТМУ №30, шаҳри Конибодом, Бахтовар Юлдошев — хонандаи синфи 10, Литсейи 2, ноҳияи Ашт, Хисрав Олимов — хонандаи синфи 10, МТМУ №3 ноҳияи Зафаробод ишғол намуданд. Ҳамчунин расми пешниҳодгардидаи Сарвинози Тоҷиддин — хонандаи синфи 9, МТМУ №8, ноҳияи Айнӣ, Сардор Эргашқулов — хонандаи синфи 11, МТМУ № 2, ноҳияи Шаҳристон ҷолиб диққат буданд.
DSCF7025Дар бахши «Иншои беҳтарин» ғолибият насиби Парвина Дадобоева — хонандаи синфи 11, МТМУ №8, шаҳри Гулистон гардид. Мақомҳои баъдиро Саидахон Ҳасанзода — хонандаи синфи 10, МТМУ №12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нисо Муҳиддинова — хонандаи синфи 11, МТМУ №18, ноҳияи Шаҳристон, Сабрина Раҳимова – хонандаи синфи 9, МТМУ№ 22, ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон ҳамчунин иншоҳои навиштаи Садафмоҳи Ҳошим — хонандаи синфи 10, МТМУ №10, ноҳияи Деваштич, Султонмуроди Салим — хонандаи синфи 11, МТМУ №50, шаҳри Истаравшан, Азизахони Зуҳурбек — хонандаи синфи 9, МТМУ № 6, ноҳияи Масчоҳ, Сулеймонов Алияхон — хонандаи синфи 10, гимназияи Гёте аз беҳтарин донистанд.
Дар бахши саволу ҷавоб, инчунин доштани маълумоти ибтидоӣ оид ба фарҳанги андозсупорӣ ҷои аввалро Фарида Ҷумъабоева — хонандаи синфи 11, МТМУ №14, ноҳияи Спитамен, ҷойи дуюмро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7, ноҳияи Ашт ва ҷойҳои сеюмро Фарзона Абдулакимова — хонандаи синфи 11, МТМУ №13, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Мафтуна Ваҳобова, хонандаи синфи 10 МТМУ №9, шаҳри Конибодом ишғол намуданд.
DSCF7039Ба ғолибону ҷоизадорони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзоёни Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо баргузории барномаи рангини консертӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» ба ҳукми анъана даромада, дар назар аст, ки соли оянда дар миқёси ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

«МО ВОРИСОНИ AЛЛОМА БОБОҶОН ҒAФУРОВ»

    20181206_123420Бо мақсади амиқ омӯхтани таърихи давлату халқи Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи мероси илмию таърихии академик Бобоҷон Ғафуров, пурзӯр намудани тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ, афзунгардонии муҳаббати насли наврас, ҷавонон ба Ватану ватандорӣ, бахшида ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти № 263 аз 02.10.2018 аз 1.11 то 06.12.2018 даври минтақавии озмуни вилоятии «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б. Ғафуров бо иштироки дастаҳои шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Гулистон, Бустон, Конибодом, Ашт, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ аз рӯйи 10 бахш: 20181206_131522
1. Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи шаҳри худ;
2. Маълумоти мухтасар дар бораи китоби “Тоҷикон”;
3. Лаҳзаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров;
4. Маълумот дар бораи модари Бобоҷон Ғафуров бо қироати намунаҳои ашъорӣ – шоира Розия Озод;
5. Суханҳои шахсиятҳои машҳури дунё дар бораи Бобоҷон Ғафуров;
6. Ёддошт дар бораи дӯстон ва шогирдони Бобоҷон Ғафуров;
7. Арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба мақоми Бобоҷон Ғафуров;
8. Андешаҳои шахсӣ дар бораи Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров;
9. Маҳорати шеъру сурудхонӣ, рақс, саҳначаҳо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров;
10. Намоиши ҳар як гурӯҳ дар бораи ноҳия ё шаҳр гузаронида шуд.
Ба даври вилоятии озмуни мазкур дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов Исфара, Спитамен ва Мастчоҳ рохҳат гирифтанд.
Баргузории даври вилоятии озмуни мазкур санаи 26.12.2018 ба нақша гирифта шудааст.