Идомаи сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Ҷаҳонзеб

   мактабДар деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом сохтмони Муассисаи нави таълимӣ бо харҷи наздик 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети вилоятӣ идома дошта, барои 660 ҷой дар як баст пешбинӣ шудааст. Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, фарогири 22 синфхона, маҷлисгоҳ (220 нафар), толори варзишӣ (200 нафар), ошхона (барои 80 нафар) ва системаи марказонидаи гармидиҳӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки хишти аввали мактаби нав моҳи июни соли 2016 аз ҷониби собиқ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ ба шаҳрамон гузошта шуда буд.
То имрӯз ба маблағи 8 млн. 400 сомонӣ кор иҷро шуда, сохтмони муассиса бо тарзи зебову замонавӣ сурат мегирад.
Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ “СММ-44” мебошад. Дар ин иншоот 60 нафар сохтмончиён фаъолият бурда истодаанд. Алҳол дар муассиса ва атрофи он корҳои ободонӣ, пардозӣ ва пӯшидани боми толори варзишӣ ҷараён доранд.
хашарТо ин дам 1083 нафар хонандагони деҳа дар мтму рақами 29 таълим мегиранд ва мувофиқи гуфти омӯзгорон шароити таҳсил мусоид нест ва дар як синфхона то 40 нафар ҷойгир мешаванд.
Аз ҷониби ҷомеаи омӯзгорону хонандагони мтму№29 ҳамарӯза шанбегӣ гузаронида шуда, дар тозаву сарсабз ва омода намудани гирду атрофи иншооти ҷашнӣ ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

БАҲРИ ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО БОЯД САЪЙ ВАРЗИД

   DSCF2957Дар толори маҷлисгоҳи Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, кормандони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, молия, ҳифзи иҷтимоӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ ҷаласа доир ба натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои вилоят доир гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ оғоз гардид.
Донохон Ҷӯраева, прокурори калони шуъбаи назорати қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи 2 дар бораи натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо гузориши муфассал дод. Зикр шуд, ки дар аксари муассисаҳо вазъи санитарию эпидемологӣ, саривақт аз муоинаи тиббӣ нагузаштани кормандон ба чашм расида, бе қарори раисони шаҳру навоҳӣ ба мактаб- интернатҳо бачаҳо қабул карда шуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҷудо намудани маблағи рӯзмарра барои хӯрока дар аксари муассисаҳо кифоягӣ намекунад. Дар мавсими сармо хонаҳои бачагон мувофиқи талабот гарм карда намешавад. Бинобар сари вақт омода накардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ аз буҷаи шаҳру ноҳияҳо маблағи сметавӣ ба Хонаҳои кӯдакон ва мактаб- интернатҳо ҷудо нагардидааст.
Назира Ғаффорӣ аз муовинони раисони шаҳру навоҳии Конибодом, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Истравшан, Шаҳристон Спитамен ва Кӯҳистони Масчоҳ, сарварони Хонаи кӯдакон, мактаб- интернатҳо, масъулини соҳаҳои молия, ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта пурсон шуда, таъкид дошт, ки бояд ҳар як нафар ба кори худ масъул бошад. Бо сарпарастону хайрҳоҳон робитаи зичи ҳамкорӣ бояд сурат гирад. Ба роҳбарияти молияи вилоят, Раёсатҳои маориф ва тандурустӣ дастур дода шуд, ки ҳаҷми маблағи меъёри рӯзмарраи хӯрокаи бошандагони Хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо муайян карда шавад.
DSCF2962Дар қисмати дуюми ҷаласа вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳаи Раёсати маорифи вилоят сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода гузориш дода, ҷиҳати вусъат бахшидани барномаҳои давлатии компютеркунонӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо, ташкили мактабу кудакистонҳои хусусӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷиноятсодиркунӣ, худкушӣ аз ҷониби ноболиғон, ташкили маҳфилҳои ҳунарҳои миллӣ, таъмини хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сару либоси ягонаи мактабӣ дар такя ба факту далелҳо андешаҳои худро баён дошт.
Муовини Раиси вилоят барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳо супоришҳои қатъӣ дод.
Бо ҳамин ҷаласа хотима ёфт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

ОҒОЗИ ОЗМУНИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ БӮСТОН

      бустонДар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода имрӯз озмуни стипендияи Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар кори озмун мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва аъзоёни комиссия ширкат намуда, ба ҷавонон-довталабон бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуданд.
Зикр карда шуд, ки бо дастгирии Раиси шаҳр андозаи стипендия аз 80 сомонӣ ба 100 сомонӣ барои як моҳ муқаррар гардида, дар ниҳоят 22 нафар ҷавонон, донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба гирифтани стипендияи шарафёб хоҳанд гардид.
Ёдовар мешавем, ки стипендияҳо ба ғолибон дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳи май дар фазои тантанавӣ тақдим хоҳанд гардид.

Хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд 19 медал ба даст оварданд

Мактабиёни ХучандДар шаҳри Душанбе дастаи варзишии хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо ҳайати 10-нафар дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок карда, аз рӯи се намуд: варзиши сабук, тениси рӯи миз ва футбол қувваозмоӣ намуда, соҳиби 19 медал гардиданд.  (далее…)

АЗ 53 НАФАР ТОЛИБИЛМИ ИСФАРА 29 НАФАРИ БОЛАЁҚАТ ҒОЛИБИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “IMAS”

исфараБино бар иттилои директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Исфара Қаноатхон Абророва дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии “IMAS” (International Mathematics Assessments for Schools), ки дар мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд байни хонандагони синфҳои 3-9 аз фанни математика баргузор гардид, 53 нафар хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Аз онҳо 29 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Аз ҷумла, аз литсейи №5 6 нафар, литсейи №1 5 нафар МТМУ№12, 6 ва литсейи №3 3 нафарӣ ба дарёфти ҷойи ифтихорӣ шарафёб гардидаанд.

«ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛ»

20180316_103832Чунин унвон дошт озмуне, ки бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2028 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат доштанд

Озмун аз рӯи 3 бахш- ташкили намоишгоҳ, маҳорати рассомӣ, газетаи девории беҳтарин доир гардида, ҳайати доварон аз Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Парпиев  ба ҳунару малака ва истеъдоди иштирокчиён баҳои воқеӣ гузоштанд.

Дар бахши «Ташкили намоишгоҳ”ҷойи аввал насиби Қосимов Бойназар хонандаи синфи 8 МТМУ № 2 -и ноҳияи Ашт; гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Сатторов Ҷасур, хонандаи синфи 8, МТМУ № 2-и шаҳри Истиқлол ва Сарвинози Ислом, хонандаи синфи 9, МТМУ №1-и ноҳияи Мастчоҳ ишғол намуданд.

Дар  бахши «Маҳорати рассомӣ” Муродов Шохруҳ, хонандаи синфи 11, Литсейи №1-и ноҳияи Ҷ. Расулов пирӯз шуда, Ҳакимов Аҳадҷон хонандаи синфи 10, МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд ва Худойбердиев Диловар, хонандаи синфи 9, МТМУ №31-и шаҳри Исфара зинаҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

20180316_125404Дар бахши «Газетаи девории беҳтарин”ҷойи аввалро  Зоиров Мунирҷон, хонандаи синфи 7, МТҒ “Паймони Азизон”-и шаҳри Хуҷанд гирифт. Ба мақомҳои дуюму сеюм  Авезова Ясмина, хонандаи синфи 10, Гимназияи №1-и шаҳри Бӯстон ва Норматов Рӯшандил  хонандаи синфи 10, МТМУ №33-и шаҳри Конибодом шарафёб шуданд.

Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

ТАБИАТИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  фаъол гардонидани маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2020» ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи “Табиатдӯстон” ва “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ”-и  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мизи мудаввар гузаронида шуд. (далее…)

ЭҲЁИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ БАҲРИ ХУДШИНОСИИ НАВРАСОН

DSCF2849Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят санаи 18-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Осим Каримзода —  сардори Раёсати маориф ва илми вилоят иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсад аз гузаронидани чорабинӣ аз нав эҳё кардани бозиҳои миллии ниёгон, бедор кардани ҳисси хонандагон нисбат ба анъанаву бозиҳои миллӣ, ташвиқоту тарғиботи он байни мактабиён ва ботантана ҷашн гирифтани Иди Наврўз мебошад.

DSCF2859Сипас хонадагони боистеъдоди шаҳру навоҳии вилоят дар намудҳои бозии миллии бодбаракпарронӣ, лалакпарронӣ, чиллак, ланка, ошуқбозӣ, арғамчинбозӣ, лаппак ва ҳаппак чусту чолокии худро нишон доданд.

28 нафар ғолибони бахшҳо бо тўҳфаҳои Раёсати маориф ва илми вилоят дар вилояти Суғд сарфароз гардида, ҳамчунин 40 иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд. Ба 10 нафар ширкаткунандагон тӯҳфаи Сардори Раёсати маорифро Осим Каримзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд. Барои 60 нафар иштирокчиёни хурдсоли бозии миллӣ тӯҳфаҳо аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд.

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАҲОРУ ЗЕБОӢ

DSCF2791Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ширкати собиқадорони меҳнат, занони обрӯманд, бонувони фаъоли соҳаи маориф, ғолибони озмунҳои соҳавӣ ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ -Рӯзи модар чорабинии идона доир гардид. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилоят номаи муборакбодии иҷрокунандаи Раиси вилоят муҳтарам  Раҷҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи аҳли нишаст расонида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмақом ва манзалати бонувон хеле боло рафта,занон дар ҳама соҳаҳо суботкорона фаъолият доранд. Таъсиси квотаҳо барои духтарон, роҳандозӣ шудани чандин Барномаву стратегияҳо вобаста ба баробарии ҳуқуқҳои мардону  занон боис шуд, ки аз ҳисоби занону бонувон ходимони барҷастаисиёсиву илмӣ ба камол расанд.

         DSCF2767Осим Каримзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки аз азал бонувони тоҷик соҳиби ақлу заковат, дониши фасеҳ ва маърифати баланд доштанд. Хоссатан зан- омӯзгор дорои хиради азалӣ буда, чун шамъ сӯхтаву роҳи ояндаи насли наврасро дурахшон месозанд. Нақши муаллимаҳо хоссатан дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баланд бардоштани маънавиёти аҳли ҷомеахеленазаррас аст. Алҳол аз шумори умумии омӯзгорон 36 ҳазору 420 нафар 22 ҳазору 793 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нерӯи бузург аст. Қобили зикр аст, ки имрӯз ба 273 муассисаҳои таълимии вилоят бонувон сарварӣ мекунанд.

         Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими соли Тоҷикистон — 2017”, “Мураббии соли Тоҷикистон-2017”, “Омӯзгори ҷавони сол” ва ширкаткунандаҳои фаъоли озмунҳои зикршуда тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супурда шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ ба ҷашн таровати шукӯҳи тоза бахшид.

ТАБИАТИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ

3Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  фаъол гардонидани маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2020» ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи “Табиатдӯстон” ва “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ”-и  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ашӯрматов Ф  намояндагон аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Меликбоева Ш. ва Каримов Ғ, мудирони шуъбаҳо,  мушовирон, роҳбарони маҳфилҳо ва наздик 50 нафар аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ оид ба ҳадаф  ва вазифаҳои қабул гардидани барнома,  ҳифзи захираҳои об, муаррифии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории табиат ва дигар масъалаҳо марбут ба муҳити зист баромадҳо шунида шуд.2

Ҳамчунин аз тарафи мудири шуъбаи «Табиатдӯстон»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят викторина байни аъзоёни маҳфил ташкил карда шуда, ба ҳозирин филми 15 дақиқаи  “Тоҷикистон- сарчашмаҳои обҳои зулол” намоиши дода шуд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд.

Корманди масъули Раёсати муҳити зисти вилоят Каримов Ғ зимни баромад ба маҳфилчиён оиди ҳифзи табиат, парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, захираҳои обҳои дохилии Тоҷикистон, рудхонаҳо ва пиряхҳо маълумоти комил дода, дар поёни баромад бо маҳфилчиён саволу ҷавоб оиди ҳифзи табиат анҷом доданд.

Дар поёни ҷаласа ба аъзоёни фаъоли маҳфили “Гулпарварони ҷавон” ва “Табиатдустони ҷавон” –и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби маъмурият сипоснома ва туҳфахои хотиравӣ супорида шуд.