Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо иштироки 16 даста аз шаҳру навоҳӣ даври вилоятии озмуни «Тарроҳи беҳтарин» баргузор гардид. (далее…)
Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо иштироки 16 даста аз шаҳру навоҳӣ даври вилоятии озмуни «Тарроҳи беҳтарин» баргузор гардид. (далее…)
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Техникони наврас» баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷод ба ҳайати доварон манзур карда шуд.
Озмун аз рӯйи 7 бахш: радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, мошинаи ояндаи коинот, киштии ояндаи обӣ, автомоделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, хонандагон аз тамоми макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуданд.
Дар номгуйи ихтироооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.
Ҳамин тавр, ҳайати доварон дар бахши радиоконструкторӣ Меъроҷ Маҳмудов, хонандаи МТМУ№19, дар бахши авиамоделӣ Баҳодур Абдуллоев муҳассили гимназияи №4, дар бахши мошинаи ояндаи коинот Эҳсон Неъматҷонов, хонандаи мактаби хусусии «Паймони азизон» дар бахши киштии ояндаи обӣ Маҳмудҷон Болтуев талабаи МТМУ№19, дар бахши автомоделӣ Эмомалӣ Аллабердиев, хонандаи МТМУ№21, ҳимояи шаҳри оянда Азимҷон Бобоҷон муҳассили МТМУ №5 ва дар бахши ихтироъкорӣ Муҳаммадамин Калонов талабаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» ғолибонро эълон намуданд ва ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм низ муайян шуданд. Гуруҳе а з хонандагони фаъол бо сипоснома низ қадршиносӣ шуданд.
Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии «Техникони наврас» роҳхат гирифтанд ва интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.
Санаи 11 январи соли равон дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2017 бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад Раҷабалӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ, собиқадорону машъалони соҳаи маориф ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид ва дар рафти он 14 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. (далее…)
Чорабиниро мудири шуъба Абдураҳим Қурбонов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Аз рӯи масъалаи аввал аъзоёни шурои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф лоиҳаи нақшаи кориро барои нимсолаи аввали соли 2018 қабул намуданд.
Баҳоваддин Хоҷаев, сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят дар бораи натиҷаҳои аттестатсия дар литсейи рақами 5-и шаҳри Исфара ва гимназияи рақами 1-и ноҳияи Ашт, рафти татбиқии Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256) дар “Кӯдакистони Президентӣ”-и вилоят, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2009, №445 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ гузориши муфассал дод. (далее…)
Бо ибтикори китобхона-бахши 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар МТМУ №47-и Ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии рӯзноманигор ва нависандаи шинохтаи тоҷик Маҳмудбеки Бобобек таҳти унвони «Қалбе, ки ба хотири сухан саршор аст» баргузор гардид. Хонандагон аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависанда ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки Маҳмудбеки Бобобек дар рӯзномаҳои «Бо роҳи Ленинӣ» (ҳоло «Хуҷанд») ва «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси мусаҳҳеҳ, ходими адабӣ ва корманди котибот кор карда, маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Раҳгумзада», «Айёми бебозгашт» ва «Умри безавол»-ро ба табъ расонидааст. (далее…)
Бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон нисбати фанҳои дақиқ, баланд бардоштани донишомўзии хонандагон, дарёфт ва муайян намудани хонандагони боистеъдоду лаёқатманд байни хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни «Компютердони беҳтарин» бо ташаббуси мутахассисони ҷавони муассиса Мадина Темирова ва Мунир Ҳоҷаев бахшида ба ҳафтаи фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Дастаҳо бо номҳои «Алгоритм», «Амсила» ва «Бейсик» аз рӯйи 10 шарт;
-муаррифии гуруҳҳо
— бо истифодаи барномаи POWERPOINT сохтани намоишнома
— ҳалли мисол доир ба системаи ҳисоб
— луғатнависӣ
— саволу ҷавоб байни дастаҳо
— сохтани барнома бо ягон забони барномасозӣ
— бо истифодаи барномаи POINT омода намудани нишон бахшида ба Соли ҷавонон
— иҷрои тест тавассути компютер
— дохилкунӣ ва таҳрири матн
— бо истифода аз барномаи ҷадвали электронӣ MS EXCEL ҳисобкунии қиматҳо
қувваозмоӣ намуда, малакаю маҳорат ва дониши худро нисбати фанни технологияи иттилоотӣ нишон доданд.
Муаррифии гурӯҳҳо аз тарафи хонандагон Зоидова Насиба, Нуриллоева Азиза, Миркалонова Мижгона ҷолиби диққат буда, хонандагон Урунов Алишер, Саидов Муҳаммадҷон ва Шарипов Амир дар сохтани намоишнома малакаю маҳорати хешро хеле хуб нишон доданд.
Ба ҳар як шарти озмун аз тарафи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Озмун аз тарафи директори муассиса Сатторова Таҳмина ҷамъбаст гардид ва аз баҳогузории хакамон маълум гардид, ки дастаи «Алгоритм»-76 хол, дастаи «Амсила» ва «Бейсик» бо гирифтани 81 холӣ ноил гардиданд.
Бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад. Дирӯз дар кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид. (далее…)
Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд субҳи имрӯз дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят доир гардид.
Чорабиниро раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз бахшида, қайд кард, ки соли равон 2285 нафар хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм менамоянд, ки бештаринашон меҳоҳанд дар оянда соҳибкасб гардида, ба меҳани азиз хизмат намоянд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия далолат бар он медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия боло равад.
Дар суханронии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД- и вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов таъкид гардид, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар сол то сол эътибор ба ҷавонон бештар гардида истодааст. Эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон барои фатҳи қуллаҳои илму дониш роҳеро бузургеро барои ин қишри созанда боз намуд.
Сипас, намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар Фозил Мухторзода, ректори ДКМТ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Муҳиддин Сабуров, сардори Раёсати таълимии ДДХ, Аминҷон Амонов, раиси иттифоқи касабаи ДДҲБСТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директор оид ба таълими ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ролику слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.
Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз Раббизода таъкид шуд, ки дар донишкада 169 нафар донишҷӯёни Ашт таҳсил доранд, ки аз ин шумор 29 нафар духтарон мебошанд. Барои тақвияти дониш ва сифатнок доир шудани машғулиятҳо дар донишкада 23 лабораторияҳо, 1360 комютерҳо мавҷуданд. Ҳамчунин ҳамаи синфхонаҳо бо проектор ва тахтаҳои электронӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ин шароит имкон медиҳад, ки устодон бо маводҳои интерактивӣ ва бо маводҳои муосир ба шогирдон дарс гӯянд. Донишкада бо 50 муассисаҳои олии хориҷӣ ҳамкории судманд дошта, танҳо дар солҳои охир ба маблағи як миллиону 800 сомонӣ таҷҳизотҳои лабораторӣ ворид намуд. Донишкада ба қатори 5 муассисаи олии беҳтарини кишвар ҷиҳати азхкунии дониш ворид шудааст, ки ин дастоварди бузург аст.
Хатмкунандагони ноҳия Меҳрона Абдураҳмонова, хонандаи МТМУ№17, Нӯъмон Масаидов аз МТМУ№40, Исмоил Мадусмонов аз МТМУ№67, Фарангис Ғаниева ва Фараҳноз Ҷалилова аз гимназияи №1, Диёра Комилова аз МТМУ№30 ва Фараҳноз Қосимова аз МТМУ № 5 вобаста ба ҷоришавии эссе дар Маркази миллии тестӣ, имконияти дохилшавии тариқи квота, шароити хобгоҳҳо, имтиёзҳо ба хатмкунандагони эҷодкору навовар суолҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони ҳунарманди ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони макотиби шаҳр баргузор гашт. Он таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ сурат гирифт. Дар мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев, муовини сарвари литсейи мазкур оид ба олимпиада Ҳикматҷон Саидзода, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Имомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев ширкат варзиданд. Нахуст директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев дар назди ҳозирин баромад намуда, аз дастовардҳои хонандагони литсей ҳарф зад. Гуфта шуд, ки иштирок ва ғолибият ба даст овардани хонандагони макотиби ҷумҳур дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ин нишондиҳандаи мақоми давлати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ буда, боиси шинохта шудани кишвар байни дигар мамолики ҷаҳон хоҳад гашт. Ҳамчунин, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ якчанд пешниҳодҳо иброз дошт. Муовини директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев низ ба сухан баромада, роҳу усулҳои омода намудани хонандагонро ба олимпиадаҳои байналмилалӣ қайд кард. Баъдан ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Имомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев бо камоли ифтихору сарфарозӣ аз ғолибияти хеш дар мусобиқаҳои фаннии мактаббачагон сухан ронда, ҳамсолони худро ба касби илму дониш, баланд бардоштани малакаву маҳорат, аз худ кардани техникаву технологияи муосир ва забономӯзӣ даъват карданд. Дар фарҷоми мулоқот муҳассилини макотиби шаҳр, ғолибони олимиадаҳоии вилоятиву ҷумҳуриявӣ баромад намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки онҳо низ мекӯшанд, то дар олимиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, шарафаи Ватанро афзун намоянд.
Ғолибони олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои фаннӣ бо хонандагони мактабҳои Исфара мулоқот доир карданд. Зимни мулоқот роҳбарияти мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳои хонандагони мактаби худ ёдовар шуда, вобаста ба роҳҳои босамари омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ибрози назар карданд. Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Илҳомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев аз ғолибияти хеш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта, бо баробари арзи миннатдорӣ барои кумак ба ниҳодҳои давлативу устодон ҳамсолони худро ба азхудсозии илму фан, техникаву технологияи муосир ва забонҳо даъват карданд. Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода дар навбати худ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдоварӣ намуда, бо баробари таҳлили натиҷаҳои фаъолияти 3 соли охири муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.