Ба олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд

Дар массисаи давлатии таълимии литсей-интернати президентӣ барои кудакони лаёқатманди шаҳри Душанбе даври интихобӣ барои иштирок  ба даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир мегардад,  озмун баргузор гардид. (далее…)

Иштироки маорифчиёни вилоят дар роҳпаймоии сокинони вилояти Суғд

Баъд аз ба истифода додани Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят, ки шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медод, идома ёфт. (далее…)

Тренингҳои инноватсионӣ оид ба омода сохтани видео дарсҳо

Тибқи нақшаи кории Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят санаи 23 август дар Литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тренинг барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд доир ба мавзӯъи “Омода сохтани видео дарсҳо” баргузор гардид. (далее…)

Эътибори ҷаҳонӣ ёфтанд

Сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят торафт боло меравад. Ин аст, ки сол то сол иштироки фаъолонаи муҳассилини таълимгоҳҳо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ афзун мешаванд. (далее…)

Тӯҳфаи арзанда барои донишомӯзон

Бинои муассисаи тахсилоти миёнаи умумии гайридавлати барои хонандагони болаёкат дар нохияи Спитамен дорои 22 синфхона, китобхона, мачлисгох, бунгохи тиббӣ ошхона буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.Толори варзишӣ барои 200 ҷойи нишаст, хобгох барои 50 нафар ба мачмааи муассиса дохил мешавад. (далее…)

Семинар дар мавзӯи Пешгирии бемориҳои модарзодии сутунмӯҳра

Тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим» бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ санаи 17 август дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид. (далее…)

Соли хониш аз машварат оғоз шавад

Омӯзгорони шаҳру ноҳия ҳама сол дар моҳи август машваратҳо аз ҳама фанҳои таълимӣ доир карда, фаъолияти худро барои соли хониши нав тарҳрезӣ мекунанд. Дар ин машваратҳо омӯзгорон аз таҷрибаи худ, натиҷаи тозакориҳо, бозёфту навгониҳо ба якдигар нақлҳо мекунанд, роҳи таълими фан, татбиқи нақшаю барномаҳо, дастуру ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу усули беҳтарини кори таълиму тарбияро муқаррар мекунанд. (далее…)