Машварати директорони мактабҳо бо иштироки Раиси ноҳия

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияи Ғончӣ, ки яке аз мактабҳои пешқадам ба ҳисоб меравад, машварати навбатии семинари доимоамалкунандаи директорони мактабҳо бо иштироки раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод доир гардид. (далее…)

Баҳри соҳибмаърифатии хатмкунандагон

Таи як ҳафта кормандони Раёсати маорифи вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят бо хатмкунандагон доир ба «Низомномаи нави қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар барои солҳои 2016-2020» вохӯриҳо доир намуданд. (далее…)

Осим каримзода: сатҳу сифати забономӯзониро баланд бардорем!

Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки имрӯз доир гардид, як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла риояи қатъии интизоми меҳнат, ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба, ба роҳ мондани аудити дохилӣ ва назорати қатъии истифодаи мақсадноки маблағҳо, назорати сифати корҳои таъмирию ободонӣ, омодагии ҳаматарафа ба олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 10, даври ҷумҳуриявии олимпиада ва  иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, таҳия ва таҳлили маълумоти омории ҳармоҳа оид ба ҷиноятсодиркунии хонандагон, таҳияи нақша- чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва ба роҳ мондани корбарӣ аз рӯи он, истифодаи босамари имкониятҳои воситаҳои ахбори омма дар самти инъикоси фаъолияти маорифчиён, ҳамкории пурсамар бо сомонаи интернетии Раёсати маорифи вилоят, баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони пешқадам ва ботаҷрибаи маҳаллӣ ва мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ҷиҳати омӯзонидани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои босамари таълими забонҳо, ташкили ҳашару шанбегиҳо бо мақсади ободонӣ, тайёрии ҳамаҷиҳата ва таъмини ширкати фаъолонаи аҳли маориф дар чорабиниҳои ҷашнии «Фестивали лола», «Сайри лола» ва «Карнавали наврӯзӣ», истифодаи босамари соати захиравӣ ва дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, идома додани анъанаи гузаронидани Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. (далее…)

Вохурии бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар санаи сеюми феврали соли 2016 дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохурии маорифчиён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия инчунин намояндагони кумитаҳои волидони деҳоти ноҳия, бо сармуттахассиси Шӯъбаи кадр ва корҳои махсуси раёсати маорифи вилояти Суғд Зокиров Раҳматхоҷа Сангинхоҷаевич баргузор гардид. (далее…)

Мавсими сеюми истироҳат ба охир расид

Санаи 29.01.2006 дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар минтақаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавсими сеюми истироҳати зимистонаи мактаббачагон ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, истироҳаткунандагон, омӯзгорону волидони онҳо, мураббиёну таҷрибаомӯзон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир шуд. (далее…)

Машварати директорони Марказҳои технологияи информатсиони ва коммуникатсияи вилояти Суғд

29 январи дар Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсияи (ТИК) назди Раёсати маорифи вилояти Суғд машварати директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.  (далее…)