Ҷамъбасти фаъолияти солонаи Раёсати маориф

15 январ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои зертобеъ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки он ба ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2015 бахшида шуд. (далее…)

Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт

Субҳи имрӯз дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои таълимӣ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт. (далее…)

Дар давраи таътил 1600 нафар омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ фарогир мешаванд.

Тибқи фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ҳамасола дар мавсими таътили зимистонаи толибилмони вилоят бо иқдоми Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи вилояти Суғд омӯзгорони вилоят барои тақвияти дониш ба курсҳои иловагии бозомӯзӣ фарогир мешаванд. (далее…)

Сарварони мактабҳо маҳорати роҳбарӣ меомӯзанд

Тавре ки қаблан иттилоҳ дода будем, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 14 рӯз дар истироҳатгоҳи солимгардонии ба номи 20- солагии Истиқлолият сарварони мактабҳои 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят ба семинари омӯзишӣ ҷалб гардида буданд. (далее…)

302 нафар соҳиби квота мегарданд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатӣ ва ҷалби духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги онҳо, ҳамчунин дастгирии писарони лаёқатманд қарор аз 28 ноябри соли 2015, № 708 «Дар бораи Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намуда буд. (далее…)

Фурсат ғанимат аст

Бо мақсади таблиғи тадбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим дар назди шуъбаҳо ва раёсатҳои маориф маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия таъсис дода шудааст, ки вазифаи аслии ин марказҳо дар тадбиқи технологияҳои навин дар раванди таълим ҳисса гузоштан аст. (далее…)

Озмун дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман”

Санаи 7 январи соли 2016 дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии расмкашӣ дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман” ташкил ва гузаронида шуд. (далее…)

Қадршиносии заҳмати ҳалол

Дар арафаи Соли нави мелодии 2016 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ маросими тақдими тӯҳфаҳо ва нишонҳои сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. (далее…)

Кӯдакону наврасони ВМКБ ба зодгоҳи худ баргаштанд

Дар арафаи соли нави милодӣ 110 нафар кӯдакону наврасони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов наздик панҷ моҳ инҷониб  таҳти ғамхориҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораву муассисаҳо ва аҳли ҷомеаи вилоят қарор доштаанд, ба зодгоҳи худ ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Дарвоз гусел карда шуданд. (далее…)