*Мушовара
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо иштироки муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи сайёри Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят ва роҳбарони зерсохторҳои он, сардорони раёсат, мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои мубрами соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аввал муовини сардори Раёсати вилоят С. Раҳматов ҳисоботи раёсатро дар нимсолаи аввали соли 2018 пешниҳоди ҳозирин намуд.Сипас нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи дуввуми соли 2018 баррасию тасдиқ гардид.
Мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят А. Қурбонов оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт гузориш дод.
Аз ҷониби сармутахассисони шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Б. Хоҷаев, шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсат Д. Сатторова оид ба рафти иҷрои қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи вилоят, Шӯрои Хадамоти давлатии назорат дар раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ, оид ба рафти омодагӣ ба баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатм дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода шуданд.
Директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ф. Ашӯрматов дар суханрониаш натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшонро ҷамъбаст намуд.
Муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ дар назди масъулини соҳа оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла, азнавсозӣ ва таъмиру тармими биноиҳои муассисаҳои таълимии садамавӣ, бартараф намудани норасоии синфхонаҳои иловагӣ, таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ, харидории компютер таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманд, барҳам додани фаъолияти омӯзгорони ғайрисоҳавӣ ва ғайриихтисос, ташкилу баргузории аттестатсияи такрорӣ, қабул ба зинаи сеюми таҳсилот, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва худкушиву сӯиқасд ба он аз ҷониби ноболиғон, тайёрӣ ба фасли сармо вазифагузорӣ намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аъзои ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор қабул карданд.