Тоҳир Рӯзибоев: «Ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ рейтинги Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебарад»

ДОсим Каримзодаар заминаи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти нахустини толибилмону омӯзгорони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати мубодилаи таҷриба аз роҳу усулҳои таълим ва иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ бо муҳассилини пешқадами макотиби миёнаи шаҳр дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳадаф аз ташкили ин мулоқот баҳрабардорӣ аз таҷрибаи литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои байналмилалӣ буда, ба ин васила бештар намудани шумораи ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ аз шаҳри Хуҷанд мебошад.

Тоҳир Рӯзибоев, сарвари литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз таъкид дошт, ки омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ маъракаъи бисёр муҳим ва дар як вақт душвор аст. Ва ҳамзамон мояи ифтихор аст. Он аз чанд марҳилаҳо иборат буда, талаботи хоси худро дорост. Яке аз он талабот пеш аз ҳама дар муассисаҳои таълимие, ки хоҳиши иштирок дар озмунҳои байналхалқӣ доранд, бояд ҳатман Марказҳои олимпӣ таъсис дода шуда, ба он беҳтарин хонандагонро ҷалб намуд. Дар ин марказҳо омӯзгорони дорои донишу саводи баланд ва бигузор аз дигар муасисаҳо таълимӣ дарс ва машғулият гузаронанд. Барномаи омоданамоии хонандагон Марказҳои олимпӣ мувофиқ ба барномаҳои Олмпиадаҳои байналхалқӣ бошад. Масалан, забони англисиро дар сатҳи фанни интихобшуда аз бар намоянд.

Тоҳир Рӯзибоев афзуд, ки маъмурияти муассисаҳои таълимӣ тамомои имконот ва шароитро ба Марказҳо ва синфҳои олимпӣ муайян созанд. Омӯзгороне, ки машғулият мегузаронанд набояд ягон камбидиеро ҳис кунанд. Лавозимоти таълимӣ, озмоишгоҳ, адабиёти таълимӣ тибқи талабот муҳайё карда бошад. Дар давраи омодагӣ ба Олимпиадаи байналхалқӣ мусобиқаи фаннӣ тибқи талабот ба роҳ монда шавад. Дар таътилҳои зимистона ва тобистона вақти хонандагон низ мувофиқи мақсад истифода шавад.

хонадагонИсматулло Саидзода, омӯзгори литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд назди ҳозирин доир ба навъ ва талаботи Олимпиадаҳои байналмилаӣ иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки олимпиадаҳои байналхалқӣ якчанд намуд дорад, аз ҷумла минтақавӣ, фосилавӣ, фаннӣ, лоиҳавӣ ва он асосан дар кишварҳои Амрико, Малайзия, Руминия, Қазоқистон, Тайван, Фаронса ва ғайраҳо гузаронида мешавад. Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиадаҳо ҳамагӣ 10 сол инҷониб иштирок намуда истодаанд. Сол аз сол талабот ва сатҳи гузаронидани он ҷиддӣ ва баланд мегардад.

Мавсуф ҳамзамон доир ба макон ва вақти гузаронидани олимпиадаҳои байналхалқӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, суроғаи электронии масъулини баргзории Олимпиадаҳоро пешниҳод намуд.

Исматулло Саидзода ҳамзамон иттилоъ дод, ки масъулияти баргузории як олимпиадаи фосилавии байналхалқиро литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба даст овардааст, ки ин низ муваффақият аст.

Номбурда зикр кард, ки дар соли хониши 20126-2017 дастпарварони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ, минтақавӣ, фосилавӣ ва варзишӣ 65 медалро ба даст оварданд.

Сипас, ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ Шаҳром Инъомҷонов, Хайрулло Абдуллоев хонандагони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва Муҳаммадҷон Ҳакимов, муҳассили литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ аз раванди омодашавӣ, иштирок ва таасуроти худ дар олимпадаҳои байналхалқӣ маълумот доданд.

Муҳаммадҷон Ҳакимов, аз ҷумла гуфт, ки баъди ғолибият дар Олимпиадаи байналмиллаии Донишгоҳи миллии шаҳри Самара ба истироҳатгоҳи байналхалқии «Артек» роҳхат гирифт ва зимни истироҳат дар он ҷо ба ҳайси Президенти гурӯҳ интихоб ва соҳибтамаддун ва бостонӣ будани миллати тоҷикро бори дигар байни давлатҳо муаррифӣ карда, аз иҷрои вазифаи дар ӯҳдааш гузошташуда бо сарбаландӣ баромад.

Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки ғамхориҳои Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соҳаи маориф беназир буда, дар навбати худ ҷавобан ба ин ғамхориҳо хонандагон низ бо дастовардҳои назаррас дар озмуну олимпиадаҳои байналхалқӣ комёб ва ҷойҳои номёнро ба даст оранд. Дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намудааст, шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази маъмурии вилояти Суғд, чун шаҳри пешрафта, бостонӣ, шаҳри олимон бояд пешсафиро аз даст надиҳад. Саҳми дигар муассисаҳои таълимии шаҳр дар самти ғолибият ба озмун бояд назаррас бошад, фаъолияташонро ҷоннок бояд кард. Роҳу василаҳои аз худнамудани донишҳои муосирро бо истифода аз таҷрибаҳои андӯхтаи литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин самт пойгоҳи моддиву техники мактабҳо ҷавобгӯ аст ва бояд омӯзгорон аз сидқи дил кор кунанд.

Сардори идораи маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода гуфт, ки минбаъд маҳз аз нигоҳи дастовардҳои хонандагон дар лимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба фаъолияти омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ баҳо дода мешавад.

Сипас Матлуба Муинова, сарвари муассисаи таълимии «Гулчини маърифат», Дилором Атобоева сарвари муассисаи таълимии ҳамагонии №13-и шаҳри Хуҷанд фикру андеша ва муаммову мушкилоти ҷойдоштаи самти фаъолиятро баён доштанд.

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАИ МАКТАБИЁН ОҒОЗ ЁФТ

Дар муаDSCF1956ссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагони синфҳои 5-8 аз рӯи фанҳои дақиқ  бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт.

Чорабинии тантанавиро, ки ба ин муносибат доир гардид, роҳбари Маркзи дарёфт ва рушди боистеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова ифтитоҳ бахшида, аз қоидаҳои гузаронидани олимпиада ёдовар шуд.

Олимпиада ду рӯз идома ёфта, беҳтаринҳо муайян мегарданд.

Даври вилоятии олимпиада барои синфҳои 9, 10, 11 дар моҳи январ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва ҳавасмандии хонандагон соли сеюм аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд ва Раёсати маорифи вилоят олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5 -8 доир мегардад.