Мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ

конибодомБо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони макотиби шаҳр баргузор гашт. Он таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ сурат гирифт. Дар мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев, муовини сарвари литсейи мазкур оид ба олимпиада Ҳикматҷон Саидзода, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Имомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев ширкат варзиданд. Нахуст директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев дар назди ҳозирин баромад намуда, аз дастовардҳои хонандагони литсей ҳарф зад. Гуфта шуд, ки иштирок ва ғолибият ба даст овардани хонандагони макотиби ҷумҳур дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ин нишондиҳандаи мақоми давлати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ буда, боиси шинохта шудани кишвар байни дигар мамолики ҷаҳон хоҳад гашт. Ҳамчунин, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ якчанд пешниҳодҳо иброз дошт. Муовини директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев низ ба сухан баромада, роҳу усулҳои омода намудани хонандагонро ба олимпиадаҳои байналмилалӣ қайд кард. Баъдан ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Имомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев бо камоли ифтихору сарфарозӣ аз ғолибияти хеш дар мусобиқаҳои фаннии мактаббачагон сухан ронда, ҳамсолони худро ба касби илму дониш, баланд бардоштани малакаву маҳорат,  аз худ кардани техникаву технологияи муосир ва забономӯзӣ даъват карданд. Дар фарҷоми мулоқот муҳассилини макотиби шаҳр, ғолибони олимиадаҳоии вилоятиву ҷумҳуриявӣ баромад намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки онҳо низ мекӯшанд, то дар олимиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, шарафаи Ватанро афзун намоянд.

Мулоқоти ғолибони олимпиадаҳо бо хонандагони мактабҳо

исфҒолибони олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои фаннӣ бо  хонандагони мактабҳои Исфара мулоқот доир карданд. Зимни мулоқот роҳбарияти мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳои хонандагони мактаби худ ёдовар шуда, вобаста ба роҳҳои босамари омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ибрози назар карданд. Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Илҳомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев аз ғолибияти хеш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта, бо баробари арзи миннатдорӣ барои кумак ба ниҳодҳои давлативу устодон ҳамсолони худро ба азхудсозии илму фан, техникаву технологияи муосир ва забонҳо даъват карданд. Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода дар навбати худ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдоварӣ намуда, бо баробари таҳлили натиҷаҳои фаъолияти 3 соли охири муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

ТАДБИРИ СОЗАНДА БА ХОТИРИ ОЯНДА

DSCF2056Дар мулоқоти анъанавии сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо хатмкунандагони шаҳри Истиқлол наздики 500 нафар мактабиёни шаҳр- хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 гирд омададанд.

Муовини аввали раиси шаҳр Аминҷон Шарифзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, аз рӯи маълумоти Маркази миллии тестӣ фоизнокии шумораи дохилшавандагон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз шаҳри Истиқлол  соли равон мувофиқи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойи чорум аст. Ин нишонаи он аст, ки дараҷаи дониш ва малакаи мактабиёни шаҳр дар қиёс ба солҳои пешин рӯ ба боло ниҳодааст.

Олимҷон Мирмуҳаммедов, сармутахассиси рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар баромадаш таъкид дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар гардида, сол то сол бо ворид намудани техникаву технологияи замонавӣ ҳам дониши назариявӣ ва ҳам дониши амалии донишҷӯён баланд гардида истодааст. Мулоқоти имрӯза барои интихоби касби довталабон имконияти хубе аст.

DSCF2070Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, ректори ДДХ аз имконияту шароитҳои ин муассисаи бонуфузи кишвар ҳарф зада, таъкид дошт, ки барои донишҷӯён солҳои охир шароити хуби таҳсил муҳайё гардидааст. Таъсиси студияи телевизионӣ, нашрияи махсус барои донишҷӯён, ташкили маҳфилҳои гуногун  барои тақвияти дониши донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.

Мӯъмин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ аз дастовардҳои донишҷӯён дар самти варзиш сухан ронда, қайд кард, ки соли равон се нафар донишҷӯён ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи Осиёву Аврупоӣ гардиданд.

Камолиддин Ғозиев, ноибректори ДКМ дар баромадаш аз робитаи хуби коргоҳҳои саноатии шаҳри Истиқлол бо донишкада ҳарф зада, қайд кард, ки дар ояндаи наздик ин корхонаҳои азим дастпарварони донишкадаро ба кор мегиранд.

Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд ихтисосҳои донишкадаро ба риштаи таҳлил кашида, афзуд, ки имрӯз ҷомеа маҳз ба сохтмончиёну меъморон, муҳандисони соҳаи нақлиёту саноати сабук, энергетикаву барономасозон ва молияшиносону иқтисодчиён бештар ниёз дорад. Ва донишкада бо истифодаи шароиту имкониятҳо барои омода сохтани кадрҳои соҳа пайваста талош меварзад. Падидаи ҷолиб он аст, ки ҳамаи хатмкунандагон бо ҷойи кори баланди музднок таъмин мегарданд. Дар ин росто баргузории ҳамасолаи ярмаркаи «Мутахассисони арзанда» барои робитаи мустаҳками донишкада бо коргоҳҳои кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муовини директори ДИС ДТТ Ҳомидҷон Ҳошимов дар баромадаш гуфт, ки дар донишкада барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти бештар дода мешавад. Таъсиси 13 гурӯҳи таҳсил бо забони англисӣ далолати гуфтаҳои болоианд.

Директори муассисаи давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд  Илҳом Комилов зимни муаррифии муассисаи худ таъкид дошт, ки 25 проектору тахтаҳои электронӣ, 250 компютерҳои замонавӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳаз барои баланд бардоштани дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён хизмат мекунад. Арзиши нархи шартномавии коллеҷ дар қиёс бар дигар муассисаҳои тиббии вилоят арзон аст ва теъдоди донишҷӯён айни ҳол аз 4,5 ҳазор гузаштааст ва онҳо имруз баробари таҳсил дар муассисаҳои тиббӣ донишашонро сайқал медиҳанд.

Манучеҳра Кенҷазода Солеҳ, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳои қадимтарин муассисаи таълимии вилоят ҳарф зада, таҳсил дар муассисаро роҳ кушодан ба дастовардҳои бузург арзёбӣ намуд.

Муовини директори коллеҷи санъат Санам Аминҷонова гуфт, ки қабул ба коллеҷ ба тариқи анъанавӣ буда, дар ин маскани илму ҳунар ҷавонон нозукиҳои касби сарояндагӣ навозандагӣ, рақс, хор, сюита, расмкашиву меъмориро меомӯзанд.

Дар фарҷом хатмкунандагони шаҳр дар бораи ҷорӣ шудани эссе, имтиёзҳо оид ба хобгоҳу квотаҳо, ташкили гурӯҳҳои русиву англисӣ, ба роҳбарони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дафтари матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд