ОРЗУҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД. АГАР…

000011Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд субҳи имрӯз дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят доир гардид.

Чорабиниро раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз бахшида, қайд кард, ки соли равон 2285 нафар хонандагон  муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм менамоянд, ки бештаринашон меҳоҳанд дар оянда соҳибкасб гардида, ба меҳани азиз хизмат намоянд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия далолат бар он медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия боло равад.

Дар суханронии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД- и вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов  таъкид гардид, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар сол то сол эътибор ба ҷавонон бештар гардида истодааст. Эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон барои фатҳи қуллаҳои илму дониш роҳеро бузургеро барои ин қишри созанда боз намуд.

Сипас, намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар  Фозил Мухторзода, ректори ДКМТ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Муҳиддин Сабуров, сардори Раёсати таълимии ДДХ, Аминҷон Амонов, раиси иттифоқи касабаи ДДҲБСТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директор оид ба таълими ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ролику слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

000022Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз Раббизода таъкид шуд, ки дар донишкада 169 нафар донишҷӯёни Ашт таҳсил доранд, ки аз ин шумор 29 нафар духтарон мебошанд. Барои тақвияти дониш ва сифатнок доир шудани машғулиятҳо дар донишкада 23 лабораторияҳо, 1360 комютерҳо мавҷуданд. Ҳамчунин ҳамаи синфхонаҳо бо проектор ва тахтаҳои электронӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ин шароит имкон медиҳад, ки устодон бо маводҳои интерактивӣ ва бо маводҳои муосир ба шогирдон дарс гӯянд. Донишкада бо 50 муассисаҳои олии хориҷӣ ҳамкории судманд дошта, танҳо дар солҳои охир ба маблағи як миллиону 800 сомонӣ таҷҳизотҳои лабораторӣ ворид намуд. Донишкада ба қатори 5 муассисаи олии беҳтарини кишвар ҷиҳати азхкунии дониш ворид шудааст, ки ин дастоварди бузург аст.

Хатмкунандагони ноҳия Меҳрона Абдураҳмонова, хонандаи МТМУ№17, Нӯъмон Масаидов аз МТМУ№40, Исмоил Мадусмонов  аз МТМУ№67, Фарангис Ғаниева ва Фараҳноз Ҷалилова аз гимназияи №1, Диёра Комилова аз МТМУ№30 ва Фараҳноз Қосимова аз МТМУ № 5 вобаста ба ҷоришавии эссе дар Маркази миллии тестӣ, имконияти дохилшавии тариқи квота, шароити хобгоҳҳо, имтиёзҳо ба хатмкунандагони эҷодкору навовар суолҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони ҳунарманди ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.