«КОНСИТИТУТСИЯ ОРАД БАХТУ САОДАТ»

    Тибқи нақшаи кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят санаи 5 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи « Конститутсия орад бахту саодат» бо аъзоёни маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар литсейи №1 мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Бӯстон, кулли омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок карданд. Мизи мудаввар бо шеърхонии хонандагон оғоз шуда, дар рафти чорабинӣ хонандагон дар бораи таърихи қабули Конститутсия дар давраи ИҶШС ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Ҳамчунин, панду андарзҳои муттафаккирони тоҷик оиди ин мавзуъ гуфта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ хонадагон оиди аҳамияти омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, бо суруди умумӣ дар васфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

НӮҲ МОҲИ БУРДУ БОХТ

    мушовара1Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки санаи 1-ноябр дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирони шуъбаҳои Раёсати маориф, муассисаҳои зертобеи он, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия доир гардид, фаъолияти нӯҳ моҳаи соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин дар ҷаласа 12 масъалаҳо вобаста ба беҳдошти таълиму тарбия, натиҷаҳои аттестатсияҳои муассисаҳои санҷидашуда, бардошт аз рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, омодагии ба мавсими тирамоҳу зимистон, иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 16. 05. 2018 “Дар бораи ташкли истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 ”, вазъи бо ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, натиҷаҳои таҳлили дохилшавии довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ шуданд. (далее…)

«УСТОДИ ХУШҚАЛАМ»

   Устоди хушкалам Адибон дар ҳама давру замон ҳамнавову ҳамсадо бо зиндагӣ буданду ҳастанд ва танҳо онҳо қодиранд инсонҳоро дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллию ифтихор аз таъриху фарҳанг  тарбия намоянд ва Муҳиддин Хоҷазод, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин масъулият дар назди аҳли сухану хонанда солҳост, ки ин бори гарон бар дӯш дорад. Ин нигорандаи беназир дар ин рӯзҳои тирамоҳи зарнисор ба синни мубораки 80 расиданд. Бахшида ба ин дирӯз дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Устоди хушқалам» бо иштироки  соҳибҷашн Муҳиддин Хоҷазод, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд нигоранда Маъруфи Бобоҷон, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор Дадохони Эгамзод, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати маҳаллаи Суғдиён Замирахон Деҳқонова ва муҳассилини МТМУ № 11,12 шаҳри Хуҷанд барпо гашт. (далее…)