Сомона аз бахшҳои мухталиф иборат буда, он фарогири маълумот оиди роҳбарият, ҳайати кормандони Раёсати маорифи вилоят, хабару маълумотҳо аз рӯйдодҳои муҳими соҳа ва дигар маводҳо мебошад.

Ғайр аз ин истифодабарандагон метавонанд тариыи саҳифаи ыабулгоҳи ҷамъиятӣ пайваста фикру дархост, таклифу пешниҳодоти худро оид ба фаъолияти соҳа ва таълимгоҳҳои алоҳида баён намуда, роҳҳои беҳтар намудани онро нишон диҳанд. Ҳар як фикру мулоҳиза, пешниҳод дар Раёсати маорифи вилоят мавриди баррасӣ ыарор гирифта, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дода мешаванд.

Инак, сомона ба ихтиёри Шумо- муштариёни муҳтарам вогузор гардида, саҳифаҳои рӯйдодҳо, навигариҳои соҳа ва дигар бахшҳои он интизори навиштаҳои Шумоанд.

 

Набизода Мадина Раҳмат,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,