Шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (минбаъд шӯъба) воҳиди сохтори Раёсати маорифи вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ- воҳиди сохтори Раёсати маорифи вилоят буда, барои ҳалли вазифаҳои дар назди Раёсати маорифи вилоят истода, дар доираи салоҳияти худ масъул мебошад.
Роҳбарии умумии шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба зиммаи сардори Раёсат гузошта мешавад.
Шӯъба дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсати маорифи вилоят, Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, дастуру фармоишҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, иҷрои онҳоро дар муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд.
Сохтори шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Сохтор ва воҳидҳои кори шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро тибқи тартиби муқарраргардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сардори Раёсати маорифи вилоят тасдиқ мекунад.
Шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ тибқи ҷадвали корӣ аз 6 нафар иборат мебошад: мудири шӯъба, 2 нафар сармутахассис, 2 нафар мутахассиси пешбар, 1 нафар мутахассис.
Мудири шӯъба бо фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Ба вазифаи мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ шахсе таъин карда мешавад, ки дорои хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ва чорум на камтар аз ду сол ва ё собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол мебошад.
Вазифаҳои шӯъба
Дар таҳияи нақшаи кори солонаи Раёсати маорифи вилоят саҳм гирифта, масъалаҳоро барои баррасӣ ба мушовара, маҷлисҳои назди сардор ва муовини сардор ба нақшаи корӣ ворид месозад.
Барои беҳтар шудани кори таълиму тарбия, низоми роҳбарӣ ва роҳҳои назорат дар муассисаҳои таълимӣ ба Сардори Раёсати маорифи вилоят таклифҳо пешниҳод менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҷалб намудани кӯдакони ятим, бепарастор ва носолим ба мактаб-интернатҳои мақоми вилоятӣ дошта, чораҳои амалӣ меандешад.
Дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ, стандартҳои фаннӣ, Низомнома ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф бевосита ширкат варзида, фикру андешаҳои худро пешниҳод менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо АИП корҳои ташвиқотию таҷрибавӣ мегузаронад. Дар таҳияи барномаву нақшаҳои таълимии алтернативӣ (нусханокӣ) ва тавсияҳои методиро барои ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои махсус ва муассисаҳои таълимӣ иштирок менамояд.
Таъмини ҳуқуқии конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ назорат мекунад. Ҳамзамон сатҳи дониши хонандагон, кори роҳбарии Раёсату шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаю барномаҳои таълимӣ, талаботи Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот оид ба фанҳои таълимро санҷида, барои баррасӣ ба мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ҷаласаҳои назди сардори Раёсати маорифи вилоят, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят пешниҳод менамояд.
Самтҳои фаъолияти шӯъба
Гузаронидани озмунҳои вилоятии фаннӣ, ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани ҳамаи бачагони синни мактабиро зери назорати қатъӣ мегирад.
Иҷрои талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумиро зери назорат мегирад.
Мактубу ариза ва дархосту шикоятҳои ба шӯъба воридшударо сари вақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд.
Фаъолияти мактаби Президентӣ, мактаб-интернати шаҳри Чкаловро зери назорат гирифта, дар роҳбарии кори онҳо бевосита ширкат меварзад.
Ҳуҷҷатҳои довталабони медали тилло ва нуқраро тариқи комиссияи ташкилгардидаи махсус санҷида, сазовор будан ё набудани довталабонро муайян сохта, ба мушовараи маорифи вилоят пешниҳод менамояд.
Иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зиммаи шӯъба гузошта шудааст назорат карда, аз тарафи иҷрои онҳо ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаҳо омода менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустӣ, фарҳанг, корҳои дохилӣ, ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граҷдании вилоят, Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон чорабиниҳо ташкил менамояд.
Ҳуқуқҳои шӯъба
Мувофиқи супоришҳои хизматӣ (кураторӣ) ва тартиби муқаррашуда ба Раёсату шӯъбаҳои маориф ва дигар муассисаҳои таълимӣ мукотиба карда метавонад.
Ҳисоботи сардорони Раёсат, мудирони шӯъбаҳои маориф ва роҳбарони кабинетҳои методиро оид ба ҷараёни таълиму тарбия дар ҷаласаҳои Раёсат шунида, иҷрои камбудиҳоро зери назорат қарор медиҳад.
Дар сурати аз тарафи муассисаҳои таълимӣ риоя нашудани тартиботи дохилимактабӣ, талаботҳои Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф, кормандони шӯъба метавонад дар ҷояш санад тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти марбутаи маориф таклифҳо пешниҳод намоянд.
Кормандони Раёсат метавонанд андешаҳояшонро оид ба таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои ба мактабҳо вобастаро дар ҷаласаҳои Раёсати маорифи вилоят баён дошта, таклифу дархостҳо пешниҳод намоянд.
Берун аз вазифаи хизматӣ кор фармудани кормандон манъ аст.
Шаъну шараф ва эътибори кормандони шӯъбаро бояд ҳимоя намояд.
Корманди шӯъба метавонад андешаҳои худро оид ба пешрафти соҳаи маориф озодона дар матбуот чоп намояд.