Маълумотҳои таҳлилиро оиди самтҳои гуногуни фаъолияти шуъба ва Раёсати маорифи вилоят саривақт ва бо сифати баланд омода менамояд;

Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳоро, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд амалӣ месозад;

Назорат аз рафти ташкил ва сохтмони муассисаҳои таълимии давлатӣ ва хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

Масъули чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ буда, назорат ва маълумотнома омода менамояд; (“Заминларза”, “Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар минтақаҳои тобистонаи истироҳатӣ” ва “Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми зарар расидан аз ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳорӣ, хазандаҳо, ҳашаротҳо ва рустаниҳои заҳрнок”, “шамолу боронҳои сел” ва ғайра

Маълумотҳоро оид ба самтҳои гуногуни имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тести таҳлил менамояд.( азбақайдгирӣ то дохилшавӣ)

Якҷоя бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ,  таҷҳизонидан бо лавозимотҳои хониш (мизу курсӣ ва ғайра) чораҳо меандешад;

Самаранок истифодабарии қитъаҳои замини дар тавозуни соҳаи маорифи ҷумҳурӣ қарордоштаро мавриди санҷиш қарор медихад.

Муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор меандешад;

Барои гирифтани грантҳо аз ташкилотҳои байналмиллалӣ корбарӣ менамояд;

Корро аз рӯи нақша ба роҳ монда, дар охири ҳар ҳафта, семоҳа, шашмоҳа ва солона ҳисоботҳои хаттиро доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ва корҳои иҷрошуда омода месозад.