Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят Суғд фаъолияти худро дар асоси низомнома, ки бо қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 23.09.2008, №7/9-1 ба роҳ монд аст.

Самтҳои асосии фаъолияти Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят инҳоанд:

  • Марказ масъалаҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияро дар соҳи маориф мавриди омӯзиш қарор дода, татбиқи самараноки технологияи информатсионӣ дар соҳа бо роҳи гузаронидани курсҳо ва семинарҳо таъмин менамояд;
  • назорат ва таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, №416 «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015»-ро ба роҳ мемонад;
  • расонидани ёрии амалӣ барои таҷҳизонидан, омӯзонидан ва таъмири компютерҳои ҳамаи намуди мактабҳо;
  • ҳисобу китоби дақиқи оморӣ доир ба омӯзишу таъмири компютерҳо, филмҳои таълимӣ, миқдори компютерҳое, ки бо интернет пайвастанд;
  • сабти дискетҳои компютерӣ ва овозии филмҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, аз рӯи зарурият бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайраҳо;
  • ба навор бардоштани филмҳои таълимӣ, омода намудани дискетҳои таълимии компютерӣ аз таҷрибаи пешқадами муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мураббиҳои эҷодкори кӯдакистонҳо,устодону омӯзгорони литсею омӯзишгоҳҳои касбӣ ва муассисаҳои беруназмактабӣ;
  • сабти дарсҳои намунавӣ, озмунҳо, дигар чорабиниҳои вилоятӣ ба дискетҳои таълимии компютерӣ;
  • ба маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо ирсол намудани тавзеҳот оид ба роҳҳои оптималии истифода бурдани филмҳои таълимӣ, дискетҳои таълимии компютерӣ, китобҳои дарсию методӣ;
  • ҷамъоварии маълумотҳо оид ба таъмини маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо бо дискетҳо ва филмҳои таълимӣ;
  • дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи вилоят барои омӯзгорони соҳаи компютерӣ ташкили курсҳо;
  • таҳлил ва ҷамъбасти ҳисоботи солонаи маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
  • дар ҳамкорӣ бо маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо:
  • устохонаҳои таъмири компютерӣ ва дигар воситаҳои техники таълимиро ташкил менамояд;
  • ташкили омӯзиши курсҳои компютерӣ ва забони англисиро тибқи иҷозатнома дар асоси шартномавӣ ба роҳ мемонад;
  • доир ба захираҳои филмҳои таълимӣ, дискетҳои таълимӣ, ҳолати компютерҳои маркази технололгияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳру ноҳияҳо маълумот мегирад;
  • Марказ фаъолияти тиҷоратӣ ва соҳибкориро ба нақша гирифта, дискетҳо таълимӣ, видеофилмҳои таълимии ба навор бардоштаашро ба муассисаҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳои беруназмактабӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва дигар таълимгоҳҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ба фурӯш мебарорад;
  • маблағҳои бадастомадаро мувофиқи хароҷот (смета)-и тасдиқ кардаи Раёсати маорифи вилоят сарф менамояд;
  • Марказ компютерҳоро ба Интернет пайваст карда, барномаҳои дистансионӣ таҳия менамояд;
  • Марказ аз болои таъмири компютерҳо, воситаҳои техникии таълим назорат мебарад.