Қоидаи умумӣ

Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мутобиқи фасли II моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф барои дарёфти истеъдоди дар соҳаи нуҷум (астрономия) баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон оиди кайҳоншиносӣ» ташкил карда мешавад.

  • Планетария дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорхри Ҳукумати вилоят ва идораи маорифи вилоят Консепсияхри миллии маълумот дар бораи Чумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.
  • Муассиси Планетарияи Идораи маорифи Ҳукумати вилояти Суùд мебошад.
  • Планетария ташкилоти мустақили маърифатӣ дар ҳайати Идораи маорифи Хутсумати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба корҳои экскурсионӣ-тарғиботӣ, равшаннамоӣ машғул мебошад.
  • Суроғаи хуқуқии Планетария шаҳри Хуҷанд кӯчаи Ленин 55.

Ташкил ва асосҳои фаъолият

Планетария дар асоси фаъолияти худ бо назардошти хоҳиши таълимгирандагон фаъолияти худро таҳия намуда эҳтиёҷоти оила, муассисаҳои таълимоти умумиро ба инобат мегирад.

  • Фаъолияти таълимгирандагон дар Планетария мувофиқи шавқу завқи тарбиягирандагон дар гурӯҳҳои ҳамсинну сол, соли гуногун тавассути гурӯҳҳо, клубҳо, сексияҳо, маҳфилҳо, семинарҳо амалӣ карда мешавад.
  • Ҳангоми қабули тарбиягирандагон ба Планетария оиди ҳолати саломатии онҳо мулоҳизаҳои духтур зарур аст.
  • Мақсад, вазифа ва мазмуни фаъолияти Планетарияро роҳбарияти он бо назардошти нақшаю барномаҳои тавсиянамудаи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораи маъорифи вилоят муайян менамояд.
  • Кормандони педагогии Планетария метавонанд барномаҳои худро тартиб диҳанд ва аз тарафи Шӯрои илмӣ-медагогӣ тасдиқ карда мешавад.

Давомнокии машгулиятҳои клуб, гурӯҳҳо 2 соати академикӣ бо танаффуси 15 дақиқа баъд аз 45 дақиқаи дарс. Планетария бо таълимгирандагон дар давоми соли тақвимӣ кор мебарад.

Дар вақтҳои таътил Планетария мутобиқи тартиби муқарраркарда дар базаи худ, инчунин ҷои истиқомат аз ҷумлаи ҳайати таълимгирандагонаш лагерҳои истироҳатӣ ва таълимӣ ташкил намояд.

Планетария метавонад дар муассисаҳои таълимии дигар, дар корхонаҳо ва ташкилотҳо бо ризоияти онҳо, инчунин дар ҷои истиқомати тарбиягирандагон гурӯҳҳо, клубҳо созмон диҳад.

Планетария метавонад дар асоси шартномаи дутарафа бо корхонаҳо, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва муасисаҳои дигар лексияҳо, экскурсияҳои пулакӣ гузаронад.

Планетария метавонад бо корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ҳамкорӣ карда базаи худ лабораторияҳои таҷрибавй, илмию тадқиқотӣ, иттиҳодияи илмии хонандагонро ташкил намуда шаклҳои навтарини корро ҷустуҷӯ намоянд, ташаббусу ҷунбишҳои аҳамияти иҷтимоӣ доштаро дастгирӣ мекунад.

Дар Планетария корҳои методие гузаронида мешавад, ки ба такмили протсессҳои таълим барномаҳо, мазмун, шаклу усулҳои фаъолият, баланд бардоштани маҳорати коркунони педагогӣ ва ёрии методӣ расонидан ба коллективҳои педагогии дигар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. З.Идора ва роҳбарӣ

  • Планетария мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва низомномаи мазкур дар асоси яккасардорӣ ва коллегиявӣ ба амал бароварда мешавад.
  • Роҳбарии бевоситаи ҷараёни таълим ва фаъолияти ҳамарӯзаи Планетарияро директор ба амал мебарорад, директории Планетарияро сардори идораи маорифи вилоят бо фармони худ ба кор қабул ва аз кор сабукдӯш менамояд ба дараҷаи ихтисосмандии онҳо масъул мебошад.

Директори Планетария:

  • Ҷараёни таълимро ба нақша мегирад, кори Планетарияро ташкил ва назорат мекунад, ба сифату самараи кори Планетария масъул мебошад.
  • Ба ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, коркунон ҳангоми ҷараёни таълим риоя намудани бехатарии техникӣ ҷавобгар аст. Коркунонро ба кор қабул карда, кормандони Планетарияро бо фармони худ ба кор қабул ва аз кор сабукдӯш менамояд, ба дараҷаи ихтисосмандии онҳо масъул мебошад.
  • Сохти идора фаъолияти муассисаи таълимӣ, ҷадвали вазифаҳо, миқдори моҳонаи хизматӣ, маоши иловагӣ, тартиби мукофотонидани коркунон ва андозаи он, тақсими вазифаҳоро муайян мекунад.
  • Молу мулки Планетарияро саришта карда, дуруст истифода шудани маблағҳоро таъмин менамояд.
  • Дар органҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва органҳои ҷамъиятӣ аз номи Планетария намояндагӣ карда, аз номи он баромад мекунад.

Роҳбарии умумии Планетария органи бонуфузи интихобшаванда Шӯрои Планетария ба амал мебарорад. Тартиби интихоби шӯроро Низомномаи он муайян менамояд.

Бо мақсади инкишоф додан ва такмили ҷараёни талим, баланд бардоштани маҳорати эҷодии коркунони педагогӣ (методӣ) таъсис дода мешавад.

Мақоми ҳуқуқии шӯрои педагогӣ (методӣ)-ро Низомномаи шӯрои педагогӣ (методӣ) Планетария муайян мекунад.

Фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва базаи моддию техникӣ.

Планетария аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ тавассути муҳосиботи марказии Идораи маорифи вилоят маблаггузорӣ карда мешавад. Маблаггузории аз рӯи сметаи (хароҷотномаи) он, ки барои соли тақвимӣ тартиб дода шуда, он аз тарафи Сардори Идораи маорифи вилоят тасдиқ карда мешавад, ба амал бароварда мешавад.

Маблагҳои иловагии маблағгузории Планетария аз ҳисоби:

  • Аз ташкили экскурсияҳои фардӣ ва гурӯҳӣ.
  • Аз ҳисоби хайрияи шахсони алоҳида, муассиса ва ташкилотҳо.
  • Ташкили клубҳо, маҳфилҳои пулакӣ (бо гирифтани литсензия) инчунин дигар даромадҳо мебошад.

Маблагҳои иловагӣ тавассути суратҳисоби махсуси Идораи маориф бо сметаи солонаи даромад барои мустаҳкам намудани базаи моддии таълимӣ ва ҳавасманд намудани кормандон истифода бурда мешавад.

Фаъолияти Планетария тибқи Низомнома дар се самти асосӣ амалӣ мегардад.

Аз ин се самти фаъолият, самти афзалиятноктарин ташкили экскурсия ба Планетария ба хисоб меравад. Зеро муштариён ва ҳаводорони илми афлок, дар толори ситорагӣ нишаста, ба осмони ситоразори сунъӣ назар карда, ситораҳоро аз сайёраҳо фарқ менамояд,ба ҷойгиршавии бурҷҳо аз наздик шинос мешаванд.

Тамошобин вақте бо чашмони худ ҳаракати сайёраю ситораҳо ва ҳаракати радифҳои маснӯи Замин, паридани метеорҳоро мебинад,худро дар дохили киштии кайҳонӣ тасаввур менамояд. Тамошои модули ҳаракати Сайёраҳо дар атрофи Офтоб, боиси пурра ба ҳаракати гелиомарказии олам боварӣ ҳосил намудани тамошобин гардида, ҷаҳонбинии ӯ оиди ҳаракати олам дигаргун мегардад.

Таҳлилҳои солҳои охир нишон доданд,ки назар ба хонандагони синфҳои болоӣ, хонандагони синфхои поёнӣро ба Планетария ҷалб намудан беҳтар мебошад. Зеро хуб фаҳмидани сабабҳои асосии ҳодисаҳои аҷоиби астрономӣ ва умуман табиат, ташкили экскурсияҳо барои хонандагони синфҳои поёнӣ, кафолати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аз тамоми фанҳо дар синфҳои болоӣ хоҳад шуд. Бо баробари ба ҳодисахои астрономӣ шинос шудани хонандагони ин синну сол,ба зудӣ дарк намудан мумкин мебошад,ки то чӣ андоза сатҳи тағирёбии ҷаҳонбинии гелиомарказии олам барои ин хонандагон муяссар гардидааст.

Аз ин рӯ имрӯз,ки донистани сабабҳои асосии ҳар як ҳодисаи табии ва астрономӣ фишанги асосии тараққиёти асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад, бояд омӯзгорони тамоми фанҳои таълимӣ барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии ҳар як хонанда кӯшиш ба харҷ диҳанд.Дар ин самт аллакай як қатор пешравиҳо низ ба назар мерасад, ки дар оянда муштариёнро ошно хоҳем кард.

Самти дигари фаъолияти Планетария, ки омили баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии хонандагон мегардад, гузаронидани вохӯрию сӯҳбатҳо, мушоҳидаҳои визуалии осмони ситоразори табиӣ ,бо ҷалб намудани мутахассисони ин соҳа дар маҳалҳо, мактабу ташкилоту муассисаҳо,ва бо ин васила баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии насли наврас мебошад.

Мутаассифона дар ин самт фаъолияти Планетария ба мақсад мувофиқ намебошад. Зеро дар ташкил ва гузарондани чорабиниҳо бисёртар аз мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳо ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобастагии калон дорад, ва чунин чорабиниҳо дар асоси дархостҳо ва шартномаҳои тарафайн сурат гирифта, маблағгузории муайянеро талаб мекунад.

Самти сеюми фаъолият.

Самти дигари афзалиятноктари фаъолияти Планетария тарғибу ташвиқи илмҳои ситорашиносӣ, дастовардҳои олимони муосири тоҷик ва ҷаҳон оид ба фанҳои табиию ҳодисаҳои астрономиӣ ва табии, инчунин кайҳоннавардӣ бо воситаи васоити ахбори омма ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз тарафи тарғиботчиён, мутахассисону олимони соҳа дар панҷ соли охир зиёда аз 70 баромадҳои радиовию телевизионӣ, ташкил намуда, наздик ҳамин миқцор мақолаҳои илмӣ оммавӣ дар нашрияҳои цаврӣ ба чоп расонца шуцааст. Инчунин сацҳо мақолаҳои илмӣ-метоцӣ, ҳамчун ёрӣ ба муаллимони соҳа руи чопро цидаанц. Бо ин мақсац маҷмӯаи роҳнамои тамошобин аз тарафи ҷонишини циректори Планетария С.Хошоков ва профессор Ҷ.Латипов таҳия карца шуцааст, ки цар бораи таърихи Планетария, фаъолияти он пурра маълумот мециҳац ва цар зер оварда мешавад.