karimzoda_osim_1Имрӯз дар замони таҳаввулоти бузурги илмию технологӣ, дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ беш аз пеш зарурияти иртибот бо ҷомеа ҷиҳати ба назари эътибор гирифтани фикру мулоҳиза, пешниҳод, маълумот, дастрас намудани хабару иттилоот ва дигар маводҳо пеш меоянд. Вобаста ба ин баробари дигар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо Раёсати маорифи вилояти Суғд низ сомонаи худро таҳти суроғаи электронии maorif-sugd.tj фаъол гардонид.

Сомона аз бахшҳои мухталиф иборат буда, он фарогири маълумот оиди роҳбарият, ҳайати кормандони Раёсати маорифи вилоят, хабару маълумотҳо аз рӯйдодҳои муҳими соҳа ва дигар маводҳо мебошад.

Ғайр аз ин истифодабарандагон метавонанд тариыи саҳифаи ыабулгоҳи ҷамъиятӣ пайваста фикру дархост, таклифу пешниҳодоти худро оид ба фаъолияти соҳа ва таълимгоҳҳои алоҳида баён намуда, роҳҳои беҳтар намудани онро нишон диҳанд. Ҳар як фикру мулоҳиза, пешниҳод дар Раёсати маорифи вилоят мавриди баррасӣ ыарор гирифта, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дода мешаванд.

Инак, сомона ба ихтиёри Шумо- муштариёни муҳтарам вогузор гардида, саҳифаҳои рӯйдодҳо, навигариҳои соҳа ва дигар бахшҳои он интизори навиштаҳои Шумоанд.

 

Каримзода Осим Қосимӣ,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,
доктори илмҳои таърих, профессор