ҶАҲДУ ТАЛОШИ ФУЗУН БОЯД

каримзода   Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дастовардҳои аҳли мамлакат дар соли 2018 зикр ва вазифаҳои минбаъдаи мардуми кишвар муфассал баён гардиданд.
Шоистаи қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша зимни ироаи Паём рушду нумӯи соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузоранд. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат баробари таҳлили ғамхоронаи бурду бохти соҳа барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи маориф дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки миллати босавод муҷиби пешравии ҳар давлату кишвар аст. Равона намудани таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорат барои баланд бардоштани дараҷаи дониши касбии омӯзгорон, пешгирии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии мутахассисони ҷавон аз зумраи ҳидоятҳои Пешвои миллат буданд, ки дар Паём ифода ёфтанд.
Президенти мамлакат омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро муҳим арзёбӣ карда, равона намудани таваҷҷуҳро ба ин самти фаъолият зарур ҳисобиданд. Воқеан ҳам, тавре аз Паём бармеояд, дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳанӯз соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, норасоиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолатро дар муассисаҳои таълимии вилоят низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷиҳати ислоҳи ин вазъият Раёсати маорифи вилоят тадбирҳои мушаххасро рӯи кор овард. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2018-2019 дар 928 муассисаи таълимии вилоят 3237 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 2840 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 114 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 54 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ зиёд мебошанд.
Соли 2018 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 141 нафар хатмкардагони мактабҳои олӣ аз фанни забони русӣ ва 166 нафар аз фанни забони англисӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор фиристода шуданд. 93 нафар аз фанни забони русӣ ва 97 нафар аз фанни забони англисӣ мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Инчунин, баҳри такмили ҷараёни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят агар соли 2015 40 кабинетҳои лингафонӣ фаъолият кунанд, пас дар соли 2018 ин теъдод ба 45 адад расид.
Баробари ин соли сипаригардида 1447 нaфaр хатмкардагони муассисаҳои таълимии вилоят ба мактабҳои олии Федерaтсияи Русия ва 118 нaфaр ба мактабҳои олии хориҷаи дур қабул шуданд. Вале, ин ҳама тадбирҳои роҳандозишуда ҳанӯз моро қаноатманд намекунанд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сардори давлат моро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи боз ҳам баландтар бардорем. Барои ин шароитҳои мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.
Инчунин зимни таҳлили фаъолияти соҳаи маориф дар Паём Сарвари муаззами кишвар аз ба талаботи замона ҷавобгӯ набудани сифати таълиму тарбия изҳори нигаронӣ намуданд. Ин дастури Пешвои муаззами миллат мо, кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки ба ин самтҳои кор беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар партави Паём Раёсати маорифи вилоят нақшаи чорабиниҳо матраҳ сохта, ҷиҳати баланд бардоштани самара дар ин самтҳои фаъолият корро ҷоннок менамояд.
Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Пешвои миллат ҳар як корманди соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки аз натиҷаҳои фаъолияти худ қаноатманд нагардида, барои бо диду назари тоза пеш бурдани раванди таълиму тарбия ҷаҳду талоши фузун ба кор барад.

Маорифчиён – парчамбардори иқдомҳои ватандӯстона

Маорифчиён – парчамбардори иқдомҳои ватандӯстона

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. (далее…)

Таваҷҷуҳ ба рушди нерӯи созанда

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимии вилоят, кулли кормандони соҳаи маориф бо рӯҳбаландии бузург истиқбол намуданд. (далее…)

Раҳнамои имрӯзу фардо

Дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, деҳаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Щафуров тамошои дастҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоли олии қонунгузори мамлакат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи «Нур» ташкил карда шуд. (далее…)

Тинате, ки аз некиву накӯкорӣ сириштаанд

Зиндагии гурӯҳе аз ашхоси барӯманд рангину ибратомӯз аст ва шиносоӣ бо он хислатҳои наҷибашонро пеши назарҳо ҷилвагар месозад. Дар байни зиёиёни эҷодкор- аҳли илм низ ашхоси соҳибхираду фидокор умр ба сар бурда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа сазоворона саҳм гирифта меоянд. Ходими пешбари Паҷӯҳишгоҳи масоили иҷтимоӣ-сиёсии Академияи илмҳои Федератсияи Русия, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ, Шарифҷон Акрамов аз Қабили ҳамин гуна инсонҳои шарифу зариф аст.

Китоби рӯзгори ин инсони наҷиб ва олими сермаҳсулро вараҚгардон карда, бо бисёр саҳифаҳои ҷолиби он дучор омадан мумкин аст. Аз ҳасби ҳоли ин марди закӣ бохабарам, медонам, ки дастпарвари Донишкадаи давлатии Ленингарад (Санкт-Петербург) буда, соле чанд дар мактаби миёнаи зодгоҳаш – Канди бостон вазифаи муаллимиро адо кардааст. Чанд соли умри бобаракаташро Шарифҷон сарфи кори таълиму тарбияи шогирдон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва бахши хуҷандии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон намудааст.

Вале меҳри илм, шавқи пайвастан ба доираҳои бонуфузи илмӣ, таҳқиқи масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ Шарифҷонро беқарор намуда, тақозо карданд, ки ба аспирантураи Паҷӯҳишгоҳи илмҳои иҷтимоии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шавад. Ва ҳамин тариқ аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта тақдир Шарифҷонро бо доираи илмии Москва пайваст ва ӯ то имрӯз дар густариши робитаҳои илмии байни Федератсяи Русияю Тоҷикистон монда нашуда талош меварзад.

Имрӯз олими сермаҳсул Шарифҷон Акрамов муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Ӯ иштирокчии 10 конфронс ва ҳамоишҳои байналхалқӣ, семинарҳои илмӣ мебошад. Олими варзида дар ҳамоишҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Истамбул, Ереван, Санкт-Петербург, Уфа, Стерлитамак, Қазон Чебоксари ва щайраҳо доир ба педагогикаи мардумӣ, сотсиологияи оила ва муҳоҷирати меҳнатӣ бо маърӯзаҳои шавқовари илмӣ баромад кардааст.

Ба самимият ва ҷаҳду талоши хастагинопазири олими серщайрат, инсони наҷиб Шарифҷон Акрамов дар мавриди адои вазифаи ректории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мӯътақид гардида будам. Маълум аст, ки имрӯз дар кишвар масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷир, ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш таҚвият мехоҳад. Бо назардошти ин ҳолат раёсати ДДҲБСТ 5-6 сол муқаддам тасмим гирифт, ки бо истифода аз нерӯҳои илмии кишварҳои хориҷии дуру наздик дар ҳаллу фасли ин масъалаи мубрам саҳм гирад. Ин нияти неки олимон ба Шарифҷон Акрамов писанд омад ва туфайли мусоидати раёсати донигшгоҳу ҳамкории ӯ директори Маркази демографияи иҷтимоӣ ва сотсиологияи иҚтисодии Паҷӯҳишгоҳи таҳҚиҚоти масоили иҷтимоӣ-сиёсии Академияи илмҳои  Федератсияи Русия, прфессор С.В.Рязантсев оростани ҳамоиши мӯҳташами байналмилалиро дар мавзӯи  мушкилаҳои муҳоҷират бо иштироки олимон аз кишварҳои хориҷа  дар шаҳри Хуҷанд ба наҚша гирифт.

Ҳамоиши аввал дар донишгоҳ моҳи ноябри соли 2009 бо натиҷаҳои хеле баланди илмӣ ҷамъбаст гардид. Маърӯзаҳои илмии иштирокдоронаш дар шакли китоби алоҳида ба нашр расид ва аз ҷониби аҳли илм баҳои баландро созовор гардид. Минбаъд туфайли фаъолияти судманди Шарифҷон Акрамов ва ҳамкории раёсати донишгоҳ баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимони мӯътабари Россияю кишварҳои дигар вусъати тоза гирифт. Дар ин замина паи ҳам 3 сол дар ДДҲБСТ дар чунин сатҳу сифат ҳамоишҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо аз 23 кишварҳои дунё олимону муҳаққиқон фаъолона ширкат варзиданд.

Баргузории ҳамоишҳои мӯҳташами байналхалқӣ муъҷиби мақому манзалати баланд касб кардани донишгоҳ, вусъати робитаҳои ҳамкории муфиди маъвои маърифат бо дигар муассисаҳои илмию таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷа гардид. Доир ба таъсиси Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси назарияи иқтисод дар донишгоҳ, аз Қайди рӯйихати маҷаллаҳои ВАК-и Русия гузаштани маҷаллаи илмӣ- назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» ва дигар пешравиҳои муҳими ҳаёти донишгоҳ андеша ронда саҳми Шарифҷон Акрамовро дар амалисозии ин тадбирҳои неку муфид алоҳида зикр кардан лозим аст.

Тинати ин марди хирадро аз некию накӯкорӣ сириштаанд. Ӯ ба ҳайси намояндаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995-2005), намояндаи ДДҲБСТ дар ҳавзаи илмии Москва (соли 2009-2012) ва айни замон  ҳамчун намояндаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар Маскав  ҳамеша дар такопӯи он аст, ки ба ҳар тоҷику Тоҷикистонии дар муҳоҷирату мусофират Қарордошта дасти мадад дароз намояд, дар ҳалли мушкилоташон мусоидат кунад. Ӯ бо рафиқи ҳамкораш, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳалимҷон Зоидов барои тарбияи шогирдони сазовор, рушди илми тоҷик вусъати ҳамкориҳои судманди олимони тоҷику рус монда нашуда заҳмат мекашад.

Ҳамин аст, ки муҳоҷирони тоҷик ва бисёре аз унвонҷӯуну аспирантони корафтода дар ҳаққи ин инсони наҷибу сарбаланд суханҳои некро арзонӣ медоранд. Зеро бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи ӯ даҳҳо нафар сазовори унвонҳои илмии номзадиию докторӣ гаштаанд. Инчунин вай дар кори нострификатсияи дипломҳои мактабҳои олии Тоҷикистон пайваста саҳмгузорӣ мекунад.

Инсони наҷибу олими варзида Шарифҷон Юлдошевич Акрамов имрӯз ба синни мубораки 60-солагӣ расидааст. Хеле хушу гуворо аст, ки ба ин муносибат ӯро шогирдону ҳамкоронаш аз тамоми манотиқи кишвар табрик мегӯянду арзи эҳтиром ва таманниёти нек мекунанд. Мо низ ба ин табрики самимӣ шарик шуда, ба дӯст ва бародари азиз Шарифҷон Акрамов саломатӣ, равнақу барорҳои кор ва дар рӯзгору таҳқиқоти илмиаш шасти тоза таманно мекунем.

Осимҷон КАРИМОВ
сардори раёсати маорифи вилоят,
доктори илмҳои таърих, профессор

 

Мӯҷиби ифтихору сарфарозӣ

Дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистион баррасию қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ҳар сокини кишвар, аз ҷумла мо- тарбиятгарони насли ояндасозро басо шоду сарфароз гардонд. (далее…)