rahmatov_sayfullo_aРаҳматов Сайфулло Акбарович аз 15 июли соли 2011 дар вазифаи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят кор мекунад.

21 октябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада соли 1982 Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Кировро бо ихтисоси математика хатм намудааст.

Собиқаи корӣ:

  • Солҳои 1977-1978- Коромӯз ва коргари фабрикаи пойафзолдузӣ, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1978-1982 — Донишҷуи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1982-1987 — Омузгори мактаби миёнаи №19, ноҳияи Б.Ғафуров
  • Солҳои 1987-1988 — Омузгори мактаби миёнаи № 23, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1988-1997 — Ҷонишини директори мактаби миёнаи № 23, шаҳри Хуҷанд
  • Соли 1997(03-09) — Муҳандиси шуъбаи хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1997-1999 — Ҷонишини директори мактаби миёнаи № 23, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 1999-2001 — Директори мактаби миёнаи № 23, шаҳри Хуҷанд
  • 09-12 соли 2001 — Нозири мактабҳои Идораи маорифи вилоят
  • Солҳои 2001-2005 — Сариқтисодчии Идораи маорифи вилоят, ш.Хуҷанд
  • Солҳои 2005-2006 — Ҳамоҳангсози ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ гузаронидани мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд,
  • Солҳои 2006-2007 — Сармутахассиси Идораи маорифи вилоят, ш.Хуҷанд
  • Солҳои 2007 -2011 — Сармутахассиси бахши кадрҳо, корҳои махсус, банақшагирӣ ва ислоҳоти Раёсати маорифи вилоят, шаҳри Хуҷанд
  • Солҳои 2011-2013 — Мудири шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят
  • Аз январи соли 2013 то ҳоло — Мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омор, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят