ҶАШНИ БАҲОРУ ЗЕБОГӢ

02Бахшида ба фарорасии ҷашни Рӯзи модар дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо иштироки собиқадорони маориф, омӯзгорони фаъол, ғолибони давриву шаҳрии озмунҳои муаллими солу мураббияи сол чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба ифтихори ҷашни бонувон қироат намуд.

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумат нисбати маориф, хосса ба бонувон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки аз шумори умумии омӯзгорону мураббиягон беш аз 22 ҳазор бонувон дар соҳаи маориф заҳмати софдилона мекашанд. Сарварии беш аз 200 мактабҳои вилоят бар дӯши занон аст. Ғолибияти Замира Рустамова, омӯзгори забон ва адабиёти мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар озмуни «Муаллими соли 2016» ва Заррина Рӯзиева, мураббияи кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Мураббияи соли 2016» нишонаи пешрафти соҳаи омӯзгорӣ дар вилоят мебошад.

Сипас, Назира Ғаффорӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси вилоятро ба омӯзгорону мураббияягони вилоят дар вазъияти тантанавӣ супорид. Аз ҷумла, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии муаллими сол ва мураббияи сол бо тӯҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, омӯзгорону мураббияҳое, ки дар даври вилоятии озмунҳо мақоми шоистаро гирифтанд, бо яхдону чангкашак, телевизиору мошини ҷомашӯйӣ қадршиносӣ гардиданд.

Осим Каримзода низ дар баромади хеш аз дастоварду мувафаққиятҳои коркунони соҳаи маориф ёдовар шуда, ному насаби машъалафрӯзони маърифат, устодони касби хеш Заррина Ҷӯраева, Рабоҳат Воҳидова, Умеда Солиева, Ором Мирдадоева, Адиба Ёрова, Мусаббеъ Зиёева, Мастура Раҳматова, Азиза Пиримқулова, Малика Ҳайдарова, Гавҳархон Сулаймонова, Назира Аминова, Моҳира Мансурова ба забон овард.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сари хони густурда омӯзгорон аз шеъру сурудҳои толибилмони вилоят дар васфи зан-модар баҳраи беш бардоштанд.

Бо ҳамин чорабинии идона поён ёфт.