БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНҲОИ ВИЛОЯТИИ «МУРАББИИ СОЛ» ВА «МУАЛЛИМИ СОЛ»

DSCF1783Санаи 28 ноябр дар муассисаи ғайридавлатии таълимии «Паймони азизон» даври ниҳоии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» баргузор гардид. Довталабон аз рӯи шарти панҷуми озмунҳо – муаррифӣ донишу маҳорати касбии худро намоиш доданд.

Ҳар ду озмун ба таври кушод, бо иштироки васеи омӯзгорону мураббиён, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, кормандони воситаҳои ахбор ҷараён гирифт. Қабл аз оғози озмунҳо сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар назди аҳли толор суханронӣ намуд ва ба довталабон барору комёбӣ таманно кард.

DSCF1800 (1)Дар даври шаҳриву ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» 11 нафар ширкат варзида, 5 нафари онҳо – Дилрабо Миркалонова, мураббии кӯдакистони №4, шаҳри Бӯстон, Нигинаи Бобомурод, мураббии кӯдакистони №11, шаҳри Панҷакент, Таҳмина Абдуалиева, мураббии кӯдакистони №23, шаҳри Хуҷанд, Муслима Анварова, мураббии кӯдакистони №1, ноҳияи Спитамен ва Меҳрангез Исмоилова, мураббии кӯдакистони №8, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар даври вилоятӣ ширкат варзиданд,

Аз рӯи шарти шиносоӣ  Меҳрангез Исмоилова соҳиби 25 хол гардида, шумораи умумии холҳояшро ба 111,5 расонид. Зинаҳои баъдиро  Дилрабо Миркалонова, Таҳмина Абдуалиева, Нигинаи Бобомурод ва Муслима Анварова ишғол намуданд.

DSCF1785Дар даври ниҳоии озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» низ 5 нафар-  Сафарҷон Раҷабов аз ноҳияи Зафаробод, Раъно Икромова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Адолат Ҳайдарова аз шаҳри Хуҷанд, Наргиза Абдувалиева аз шаҳри Бӯстон ва Раҳима Норматова аз шаҳри Гулистон иштирок карданд. Аз байни онҳо омӯзгори МТМУ № 14, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова аз рӯи шарти муаррифӣ холи аз ҳама зиёдтар ба даст овард. Дар ҷамъбасти ҳар ду озмун сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода андешаҳояшро баён дошта,  таманно намуд, ки  намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2016» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2016» намояндагони вилояти Суғд  Заррина Рӯзиева ва Замира Рустамова ғолиб гардида буданд.

ШИРКАТИ ФАЪОЛОНА ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФЕСТИВАЛ- ОЗМУНИ «САПЕДА»

    Бо мақсади фароҳам овардани  шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ ва кобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои  таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи суннатҳои миллӣ, тарбияи завқи маънавии ҷомеа, амиқгардонии нақш ва  аҳамияти мавзӯҳои тарбиявӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 — соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» дар Театри давлатии академияи опера ва балети ба номи С.Айнӣ-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

    Дар озмуни мазкур аз  вилояти Суғд ноҳияҳои Ҷ.Расулов ва Ашт, аз  вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Дарвоз, аз вилояти Хатлон шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ҳамадонӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи Марказ Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Рашт, Восеъ, Турсунзода, Варзоб, Сино ва Душанбе иштирок намуданд. Озмун аз рӯи 8 бахш «Овозхонӣ», «Навозандагӣ», «Хореография», «Наттоқон», «Композитирони наврас», «Санъати тасвирӣ», «Наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ», «Ихтироъкорӣ, лоиҳаи иноватсионӣ ва сомонаи интернетӣ» гузаронида шуд.

    Дар ифтитоҳи озмуни ҷумҳуриявӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Ш иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Дастаи вилояти Суғдро ғолибони озмуни вилоятии «Сапеда» Каримов Шавкат аз ноҳияи Ҷ.Расулов ва Қосимов Бойназар аз ноҳияи Ашт намояндагӣ намуда, дар бахши наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Онҳо бо тӯҳфа ва дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Раёсати маорифи вилояти Суғд барои дастгирии ҳамаҷониба бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардид.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

DSCF1664 Санаи 14- ноябри соли равон бо иштироки кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва намояндагони макотиби таҳсилоти олии касбӣ, сарварони сохторҳои зертобеи соҳавӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Ирфон» муаррифии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. (далее…)

МАФҲУМИ АНДОЗ АЗ НИГОҲИ ХОНАНДАГОН

Дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир гардид. DSCF1603
Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Сипас, дар асоси хулосаҳои ҳайати ҳакамот ғолибон муайян гардиданд. DSCF1613Дар бахши озмуни «Беҳтарин шеър» Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9 аз МТМУ №38-и ноҳияи Деваштич ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуюм ва сеюмро хонадагон Зайнабӣ Ғуфрон, хонандаи синфи 10, МТМУ №3, шаҳри Хуҷанд ва Моҳира Ғаффорӣ, хонандаи синфи 10, МТМУ 35, ноҳияи Масчоҳ ишғол намуданд.
Дар бахши «Иншои беҳтарин» ҷойи аввалро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7, ноҳияи Ашт ба даст овард. Зинаҳои баъдӣ насиби Ҳабибахон Ҳасанзода, хонандаи синфи 11, МТМУ №12, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суруш Руҳулло, хонандаи синфи 11, МТМУ№15, шаҳри Панҷакент гардид.
DSCF1604Дар бахши «Расми беҳтарин» ғолибиятро Аъзам Миркамолов, хонандаи синфи 5, МТМУ№28, шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ҷойи дуюмро Баҳтиёр Юлдошев, хонанда аз ноҳияи Ашт соҳиб шуд. Зевар Ҷумъабоева, хонанда аз шаҳри Бӯстон мақоми сеюмро касб намуд.
Ҳамчунин барои ширкати фаъолона дар рафти баргузории озмун мактаб-интернати шаҳри Бӯстон, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби таъсисдиҳандагони озмун бо проекторҳо қадрдонӣ шуданд.
Ба ғолибону ҷоизадрони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аъзоёни Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо баргузории барномаи рангини консертӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» бори аввал бо иқдоми Раёсати андози вилоят дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилояти Суғд доир гардида, ин чорабинӣ минбаъд ба ҳукми анъана медарояд.

Беҳтаринҳомуайян шуданд

     Бахшида ба ҷашнифархундаимиллӣ25 – солагииИҷлосияи XVI  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи томактабии рақами 33 –и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» баргузор гардид. Ҳадафи асосии озмун парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, рушди қобилияти фикрӣ, тарбияи зебоипарастӣ, худшиносию хештаншиносии насли наврас мебошад.

     Дар озмун аз 30 муассисаҳои томактабии шаҳр ғолибони даври аввал иштирок карда, аз ашъори суханвари бузурги халқи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо қироат карданд. Ҳайати ҳакамон ба маҳорати наттоқии кӯдакон баҳои баланд дода, беҳтаринҳоро муайян намудаанд.

  Шоҳҷоизаи озмун ба Мунзифа Ҳошимова аз кӯдакистон – ширхоргоҳи рақами 20 насиб гардид.

     Ғолиби озмун бо диплому Ифтихорнома ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардони дашуданд.