РӮЗИ МОДАР – ҶАШНИ БАҲОРУ ЗЕБОГӢ

   DSCF7745 Бо омад – омади баҳори нозанин табиат қабои сабз ба бар карда, дарахтон ғарқи гул мегарданд. Мардум бо чеҳраи кушод ва дили гарм ба оғӯши ҳамдигар мераванд. Воқеан ҳам баҳор фасли ҷашну хушиҳост ва нахустин ҷашни зебои он Рӯзи модар аст. Оғози баҳор бо Рӯзи модар шояд розу рамзҳое дорад аз васфи муштаракаи онҳо мисли зебоиву меҳрубонию ҳаётпарварияшон. (далее…)